Омодаги барои филми "Девлохдории водии Гунд"

             

     Ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” дар тарбия ва дастгирии кормандони ҷавон ва аъзоёни хеш, ки яке аз самтҳои татбиқи нақшаи стратегии ташкилот мебошад, баҳри рушду такомули касбӣ, мубодилаи афкору таҷриба ва дастгирии идеяҳои лоиҳавии ҷавонон низ талошҳо мекунад. Мадина Саидшоева аз ҷумлаи аъзоёни фаъоли ташкилот мебошад ва дар ҳама чорабиниҳои вобаста ба корҳои ВАО масъулият дорад. Бо тасмими Мадина ташкилоти ҷамъиятии “Хуршед” тавассути пешниҳоди лоиҳаи “Фарҳанги девлохии водии Ғунд” дар озмунҳои ташкилотҳои байналми.лалии USAID ва Internews дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (САМР) иштирок намуда, ғолиби озмун шуд. Таи ҳафтаи равон дар идораи Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршед» муҳокимаи марҳилаи аввали лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар он тими корӣ даъват шуда, иҷрои супоришҳо тақсим шуд. Итминон дорем, ки Мадина дар идоракунӣ ва татбиқи лоиҳа фаъолиятҳои хуб нишон хоҳад дод ва дар ин самт тими корӣ ҳамеша омода ҳастанд. Ёдовар мешавем, ки ҳадафи лоиҳа ҳифзи фарҳанги чорводории тарзи айлоқдорӣ дар водии Ғунд мебошад, ки дар он инъикоси масъоили марбут ба таъриху фарҳанг, мардумшиносӣ ва рушди сайёҳии экологӣ дар Бадахшон ба назар гирифта шудааст.









н ба

Комментарии