мушкилоти фурушандагону харидорони бозори наздисархадии Бадахшон


Чаро бозори наздисарҳадӣ танҳо як рӯз фаъолият мекунад?
   Мушкилоти харидору тоҷирони бозори наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ.
           Давлатбахт Дӯстмаҳмад зани  48-солаи афғон, аз ҳудуди Бадахшони Афғонистон дар бозори наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хорӯғ бозаргонӣ мекунад. Тоҷири  афгон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе  дар бозори мазкур  маҳсулоти гуногуни рӯзгор ва гиёҳҳои шифобахшро ба фуруш мебарорад. Аз суҳбат бо ӯ маълум гашт, ки аз ин савдо фоидаи хубе мебинад. Бо маблағи бадастомада ҳатман барои аҳли хонаводааш маҳсулоти ғизоӣ харид карда, ба сӯи Афғонистон мебарад. Номбурда афзуд, ки “Дар ҳудуди Бадахшони Афғонистон маҳсулоти хӯрока кам аст, зеро  қариб, ки замини корам надорем. Аз ин рӯ,  аз ин ҷо маҳсулоти гунонгун, аз қабили марчумак, нахӯд, меваҷоту сабзавот мебарам. Арзиши маҳсулоти ин минтақа нисбат ба минтақаи мо гарон аст, аммо дар гузаргоҳи сарҳади мо  мубодилаи асъор мекунем,  пули сомонӣ назар ба афғонӣ қурбаш поинтар мешавад, аз ин лиҳоз,  мо агар аз ин ҷо харид кунем, пас фоида ба даст меорем”.
 Аз моҳи феврали  соли 2005 дар шахри Хоруғ бозори наздисарҳадии Афғонистону Точикистон фаъол аст, ки дар он зиёда аз 300  тоҷир  фаъолияти сохибкориашонро рушд дода, сатҳи зиндагиашонро беҳтар месозанд. Дар зарфи 14 соли фаъолияти бозор баъзе точирон аз хизматрасонии бозор ба куллӣ розианд. Аммо миёни тоҷирон нафароне низ ҳастанд, ки аз имкониятҳо ва талаботҳои соҳибони бозор норозигӣ баён карданд. Ба қавли эшон риояи тозагӣ ва бехатарии тоҷирон таъмин набуда, растаҳои савдо ба талабот ҷавобгӯ нест.  Зеро бо тамизи бозор аҳамияти ҷиддӣ дода немешавад, бозор дар тӯли ҳафта як рӯз, ҳамагӣ 8 соат фаъолият мекунад, аммо гирду атрофи он пур аз қуттиҳои холӣ  ва поруҳо партофта шуда, ҳоҷҷатхонаи он на ҳама вақт тамиз мешавад. Наргис Диловаршоева савдогари тоҷик афзуд, ки “ Дар бозор тартиботи муайян зарур аст, зеро озодагии бозор тозагии маҳсулот аст, ҳамчунин рияои тозагии шаҳрдориро нишон медихад”.
Яке аз харидорон Ёдгор Саидбахоров нақл кард, ки  як моҳ пештар дар бозор тоҷири афғоне ба бозор  адабиёти ифротиро ворид карда буд, ки боиси аз фаъолият бозмондани бозор гардид. Баъди чанде бозор боз фаъолияташро идома дод. Ба қавли шоҳиди воқеа адабиёти хусусияти ифротидошта ба осудагии кишвари мо халал ворид мекунад, аз ин рӯ бояд бозор як рӯи як меъёри тартибот ва бехатарӣ фаъолият намояд.   Новобаста ба мушкилоҳои рухдода ва ифлосиҳои тозанашуда, аммо   бозор ҳар ҳафта мунтазаман фаъолият менамояд.
    Бозор мазкур харидорони худро дорад, ҳар як сайёҳ кӯшиш мекунад, ки то рӯзи шанбе маҳсулоти ин бозорро мунтазир шавад. Аслан аз ин бозор аксарияти сайёҳон савғо ва армуғонҳои бадахшониро харидорӣ мекунанд.     Ҷовиди Саидаҳмад як тоҷири афғон таи 10-сол  аст, ки дар ин ҷо тирорат мекунад, ба қавли ӯ дар ҳама бозорҳо хатар мушоҳида мешавад, аммо дар ин бозор ғорати маҳсулоти ториони афғон бештар ба назар мерасад, ки боиси нигаронӣ аст.  
   Иззатхоними Музафар  бошад, таи 12 соли охир зиндагиаш аз ҳисоби ҳамин бозор пеш меравад. Фазои бозор барояш қобили қабул аст, барои муҳим маҳсулоташ харидори худро дорад, то он рӯзе, ки талабот ба моли Афғонистон ҳаст, ӯ ба ин бор меорад. Аммо молҳои воридкардаи ӯ аслан, истеҳсоли Афғонистон набуда,

 балки аксарият моли кишварҳои дигар аст. Ки дар ин бозор харидори зиёд дорад, зеро маҳсулоти косметикии воридкардаи ӯ сафати хуб дорад. 
Иддаи дигаре аст, ки аз ин бозор фоида ба даст меоранд, ин ҳам бошад, савдогарони хӯроки гарм мебошанд. Маҳмадзиёева Гулбека ҳар рӯзи шанбе аз субҳи содиқ хӯрок омда карда, ба бозор ворид мекунад, аммо баъзан ғайриинтизор бозор кор намекунад, мутассифона Гулбека аз ҳолат зарари моливӣ ва равонӣ мебинад. Ӯ мегӯяд, ки –-  Аслан мо фурӯшандагони хӯроки гарм бештар ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавем. Ҳолатхое мешаванд, ки  бозор бо  сабабхои номаълум кор намекунад ва мо аз ин бехабар мемонему махсулоти омодакардаи мо ба зудӣ вайрон мешавад. Касе моро хабардор намесозад, аммо инҳолат моро ба касодӣ хоҳад расонд, агар моро аз  ваъзъи бозор пешакӣ хабар созанд, ин барои пешгирии зарари молии мо кӯмак хоҳад расонд”.
Иддаи дигари тоҷирони ҳам ватанӣ ва ҳам афғон  хоҳиши доимӣ фаъол будани бозорро мехоҳанд, аммо ба қавли харидорон бо гуна имкониятҳои  бозор наметавон, ки фаъолияти онро ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монд. Яке аз сайёҳони хориҷӣ иброз намуд, ки ӯ ду рӯзи худро барои интизорӣ сарф кард, то ки армуғони авғониеро барои духтараш харидорӣ кунад. Сайёҳ афзуд, ки “Ҳарҷанд бозор хурд бошад, ҳам аммо онро харидорони зиёд интизорӣ мекашанд, аққалан мавсими тобистон, ки  сайёҳон ба ин минтақа зиёд сафар мекунад, барои онҳо хеле ҷолибу олӣ аст, то ки аз ин ҷо армуғонеро барои наздикону дӯстон харидорӣ кунанд”.
Воқеан ҳам зиёд шудани бозорҳо ба  сифати зиндагӣ таъсири мусбате мерасонад, ба шарте ки он ҳам ба талаботи харидорон ва ҳам ба талаботи тоҷирон ҷавобгӯ бошад.
 

Комментарии

  1. Бозори махалаи Тем хама вакт дар вакташ тоза карда мешавад ва дикати джиди хам ба у дода мешавад !# Мухтарам Наргис Диловаршоева агар шумо хар шанбе ба бозри тем биеед мо шахсан ба шумо тозагиро нишон медихем соат70: 00 бозор сар мешавад хушомадед

    ОтветитьУдалить

Отправить комментарий