Бадахшон Худованди нур ё макони шуарои бузург.

 

                   Дар бисёр маколаву мачалахо дидаем ки баъзе шахсон дидаву дониста бардуруг калимаи Бадахшонро таъкир доранд. Барои хамин хеле мехостем ба мании ин калима каме хам бошад рушани андозем. 

    Ќањќањаи Љоду пас аз фатњи дониши оламу осмон ва кашфи асрори бањру бар ба хулосае меояд, ки ќасрашро мањз дар Бадахшон бисозад, зеро агар рафту саќфи осмон фуруд ояд, ягона мењвари мањфуздори замин ќуллањои осмонбуси ќаторкўњњои помир хоњанд буд.

     Бадахшон натанњо ба василаи табиати ѓаниву рангорангаш ќаламу афкори шоиронро тезондаасту сайќал додааст, балки худ садњо шоирону нависандагон ва олимону мутафаккиронро рўёнида, сафњаи маданияти моро афзудааст. Мо барои намуна њоло фикру андешањои яке аз хирадманди охири асри  19 – ро нисбат ба Бадахшон аз назар мегузаронем.

    Бадахшон дар эљодиёти олим ва мутафаккири бузурги тољик  Ањмад Мањмуди Дониш аз ду љињат мавриди инъикос ќарор гирифтааст. Аввалан шоире, ки худ дўстдори зебої буда, бањри ба камол расонинидани  ин эњсосоти наљиби инсони иќтидори каломро сафарбар кардааст, аз ифодањои « Бадахшону лаъли Бадахшон»  дар мавридњои мувофиќ истифода мебарад.

     Бадахшон дар «Наводир-ул-ваќоеъ» мавриди таваљчўњи Ањмади Дониш ќарор гирифтааст, иборат аз он аст, ки олим дар асари номбурда воќеаи њаќиќии таърихиро чунин шарњ додаст, «Бадахшон -  мулкест, ки манзари назари офтоби рахшон, љавњари дурахшон, хазинаи султони торуми чањорум, ки аз тиллову лољвар ва лаълу ёќут фаровон».





   Масъалаи дигари асосие,ки сарзамини Бадахшон дар « Наводир ул вакоеъ  мавриди таваччухи Ахмади Дониш карор гирифтааст ки олим дар асари номбурда вокеаи хакикии таърихиро ба калам оварда ба ташвиш мемонад ки чунин сарзамини гани ба тушаи сари рохи љуѓзони хориљи табдил ефта мардумони захматкаши он гадо мондаанд.

        Бойгарии табии Бадахшон то ба дараљае ќудрат дорад, ки мегўяд Ањмади Дониш, натанњо сокинони худро хушбахт кунад, балки њар як давлати аз рўйи аќлу хирад ва кофтукови илмї азхуд намудани он кўшишкунандаро ба ќатори давлатњои намоён- Америка, Англия, Франция ва Россияи подшоњї, мегузарад. Илова бар ин имконияти иќтисодии онро меафзояд.

   Муаллифони фарњангњо ва баъзе осори љуѓрофї нисбат ба Бадахшон, мавќеъи љуѓрофї ва маънии луѓавии он ба тариќи зерин муњокимарони кардаанд. Ховаршинос Маркварт «Бадахшон ба маънии билоди бадахш, ё балахш аст. Ва он навъе аст аз ёќут, ки гўянд». Аммо комилан дуруст аст, ки калимаи «балахш», ки луѓати фаронсавї «баланс» ва англисї «балас» аз он маъхуз аст. Аљаб нест, ки фикри муаллифони фарњангњову баъзе осори тадќиќї оид ба маънии луѓави ва таркиби истилоњи Бадахшон дуруст бошад, вале як байти Њоќонии Шервонї маро водор мекунад, ки ташрењи ин истилоњро ба тариќи дигар ба миён гузорем. Ин байт ин аст.

                      Гарчи њаст аввали Бадахшон бад,

                      Ба натиља накўтарин гуњар аст.

Бояд изњор кард, ки Њаким Њоќонї низ ба њамон гуњари «балахш,бадахш» ишора дорад, валекин ба ќисмати бад ва  ахшон људо кардани он моро ба чунин андеша рањнамои менамояд, ки калимаи пањлавии «баз» ва баъдтар «бад» вуљуд дорад. Маънии луѓавии он «соњиб худованд» мебошад. Агар мо ќисми боќимондаи калимаи «бадахшон» яъне ахшон-ро њамчун мухаффафи «рахшон» ќабул намоем, онгоњ ба чунин маъно: «худованди нур, соњиби нур, нурофару нурдор» ноил мегардем. Чуноне, ки Њаким Фирдавсї гуфтааст, агар мо ба садои забони пањлавиамон бештар гўш дињем, маънии басе номњо ва асроири онњоро дурусттар кашф хоњем намуд.

           Бинобар ин аљаб нест, ки ин андешаи мо , ки Бадахшонро аз «бад» ва «рахшон» мепиндорем, то андозае ба њаќиќат наздик бошад. Дар охир бояд иќрор шуд, ки мардуми Бадахшон шахсони баландњиммат, мењнатдўст, инсонпарвари комил ва назарбадандии хоси инсонї доранд.

                       Асрори номњои кишвар …… Алиќул Девонаќулов.     

Комментарии