"Муассисаи то мактаби" дар рухияи худшиноси тарбияи насли наврас

Таълиму тарбияи то мактаби заминаи мухимтарини ташаккули шахсият ва тахкурсии устувори омузиш буда , хамчун баёнгари самти дастовардхои кудакон дар фаъолияти ояндаи онхо мебошад.дар мархилаи хозира омода намудани кудакон ба мактаб масъалаи мухим ба шумор меравад ва дурнамои рушди мактаб аз бисёр чихат ба хамин масъала вобаста аст.Аз ин ру Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ  аз мохи апрели соли 2009-ум тибки барнома инкишофи кудакони синни то мактабиро тайёр менамояд.
Дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон микдори умумии муассисахои томактаби 182 адад буда 20тои онхо дар шахри Хоруг фаъолият мекунанд.
Фариза Мирлангарова омузгори калони кафедраи таълими фан дар муассисаи томактаби ва синфхои ибтидои , филиали Донишкадаи Чумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф дар ВМКБ оиди фаъолияти муасисахои томактаби дар вилоят чунин кайд кард.Максади асосии барнома ин мусоидат кардан ба рушди хаматарафаи кудакони синни томактаби, омухтани муносибатхо ва роххои нави корбари бо мураббиён, падару модарон ва кудакон , маълумотнокии мурабиёноид ба тайёр кардани кудакон , чалби пурраи ахли чомеа ба мактаб мебошад.Инчунини дигар омузиш нишон дод ,ки чомеа ,падару модар ба ташкили мактабхо эхтиёчоти зиёд доранд ва зарур шуд ки ин марказхо кушода шаванд.



Чун мо аз гурухи эчодии муассисаи томактабии раками -7 -ум дидант намудем, кайд кардан ба маврид аст , ки дар ин6 муассисахо зиёда аз 25 нафар кудаки аз се то шаш сола ба таълим фаро гирифта шуданд. Ин гунна кудакон аз синни хурди кобилияти фикрони ва чисмонии худро сайкал дода , малакаи забондониашонро такмил медиханд.





Дар синни томактаби кудакон махорату дониш ва муносибатхои мухимро аз худ мекунанд, ки ба кобилияти омузиш ,инкишофи шахси ,муносибат бо дигарон ва рафтор дар чомеа таъсир мерасонанд. Кудакон дар ин чо ба махорату истеъдоди баланди мураббиён ба таълим фаро гирифта шуда аз эшон чизхои лозимиашро аз худ менамоянд. Муассисахои томактаби дар рушди зехни ва тарбияи шахсият дар сиришти атфол накши мухим дошта , фаъолияти самаранокии онхо ба ояндаи кудактаъсири мусбат мерасонад.

Комментарии