АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДО ШУДАНИ НОМЊОИ ОДАМОН ВА ТОПОНИМЊО МАРБУТ БА ЙЕЛДОРЇ

                                   Саидшоева М.Ф.
                          Донишгоњи миллии Тољикистон

           Йелдорї яке аз шуѓлњои ќадимтарини ањолї дар љањон буд. Гузаштагони тољик аз замони неолит ва аввали асри биринљ, яъне њазорањои VI-III пеш аз милод дар сањроњои љануби Украина, Россия аз Дунай то кўли Байкал, Урал то уќёнуси Њинд ба чорводорї машѓул буда, аз худ осори гаронбањо дар бахшњои топонимика, ономастика ва ѓайра боќи мондаанд. Омўзиши топонимњои љойњои зикр шуда барои муайян намудани њудуди зисти онњо ањамияти калон дорад. Дар гузаштаи дур њамаи мардумони љањон  чорводор буданд ва чорво њастии зиндагонии онњо ба њисоб мерафт. Дар Авесто Худои бузурги Ориёињо Ањура Маздо ба Љам, ки соњиби рамаву галаи зиёд будаст, эњтиром гузошта “Љами хубчењраи хубрама” гуфта мурољиат менамояд. [1.424.]
   Дар “Форснома” дањ пушти Фариддун бо номи гову тур алоќаманд аст. Дар оини тотемизми ориёињо асп, гов, шутур, гуспанд, гавазн муќаддас шуморида мешаванд,ки ин нишон аз шуѓли чорводории гузаштагонамон мебошад.[Форснома11,]
Дар топоними Осиёи Марказї номњои зиёд боќи мондаанд, ки як ќисмашон марбут ба чорводорон- йелдорон мебошанд. Масъалан дар ноњияи Файзобод дењаи калон бо номи Йелак ва дарёи Элак мављдуд аст. Дења дар љойи зебоманзар буда, дорои  обу чарогоњи фаровон аст. Дар гузашта дар ин љо ел-йел љойи зисти мавсими бањор ва тобистонаи чорводорони тољик будааст. Имруз яке аз дењаои бузурги ноњияи Файзобод аст. Ин дења яку якбора пайдо нашудааст. Дар ин љо сар аввал як оилаи айлоќдор бо чорвои хеш омада зиндаги карда, оњиста-оњиста хешони наздикашон ба ин љо омада, хона сохта,  зиндагиро сар намуданд. Бо гузашти ваќт аз оилаи элдорон дења пайдо шуд, имрўз яке аз дењањои калон ба њисоб меравад.  Номи ин дења дар сарчашмањои замони Сомониён “Њудуд-ал-олам” географияи Ал-Истахрї  “Масолик ва Мамолик”. Њамчун як истгоњ дар роњи корвонгарди Њисор- Вашгирд(Файзобод) ва Дарбанд(Нуробод)ва Рашт ёд мешавад. Бозёфтњои археологї нишон медињанд,ки Элак-Њелак таърихї беш аз 2-њазор сол дорад. [ 12,369],[4,107-109].
Ин дењаро Бозор Собир шоири халќии тољик дар  шеъри “Файзободи ман”  низ инъикос намудааст, ки чунин аст:
Хуљаи Њотам зиёратгоњи Файзободи ман,
Шукр аз тарбияти арвоњи Файзободи ман.
Бо азони боди элокаш дарахтон дар намоз,
Дар сари мўи сафедам коњи Файзободи ман.

Маркази водии Вахш Њеловард ном дошта аст. Шакли дурусти ин ном Йеловар аст, яъне ном аз ду башх:йел ва вар иборат буда маънои љойи зисти молу говро ифода мекунад. Тањќиќотњо дар ин бахш нишон медињанд, ки водї дар зимистон нисбатан нарм ва тобистон бисёр гарм аст. Тахмин меравад,ки дар ибтидо чорводорон дар ин љо  зимистонро гузаронида, тобистон ба кўњистон ба ноњияи Файзобод- Элак рафта молу говро то сардињои шадид нигоњ медоштаанд. Дар ин љо, дар натиљаи зисти доимї зимистонњо оњиста-оњиста ба дења ва дар нињоят ба шањр ва маркази маъмурии вилояти Вахш табдил ёфтааст. Ин яке аз воситаи пайдо шудани шањр мебошад.[7,46-48]
Йелиговоро- аз калимањои йел ва говоро иборат буда, маъноаш чарогоњи  асосии говњоро мефањмонад. Чун ки  дар замонњои ќадим айлоќдорон  асосан барои говњои ширдорро муњофизат аз њайвонотњои вањши  шабонгањ  дар љойњои махсус, ки онро хеth мегўянд нигоњ медоштанд. Чун маълум аст,  барои айлоќдорї њама ваќт љойи махсусро интихоб намудаанд. Ин йел њам дар як дараи калони  Даштиљум љой дошта, бо гузашти ваќт, ба дењаи зебоманзаре табдил ёфтаст. Аммо дар гузашта ин як бошишгоњи молу гов будааст.Йелигањвор имрўз як дењаи калон дар ноњияи Шамсиддини Шоњин мебошад.
Њилак яке аз шањрњои марказї дар Бурятмонголияи Фидиратсияи Россия  мебошад, бозёфтњои археологї ба он шањодат медињанд, ки дар асри биринљї дар ин љо ќабилањои ориёї мезистанд ва њелдориро турку муѓул аз онњо ёд гирифтаанд. Ин ном аз њамон замон дар ин љо боќї мондааст. (ниг. Ба харитаи географии Россия).
Аз ин лињоз омўхтани топонимия, барои таърихи чорводорї,   наќши фарњангї дорад. Чорводории мавсимї-йелдорї ањамияти калони таърихї  дорад, аз ин лињоз йелдорї сарчашмаи муњими таърихро ташкил менамояд ва њаматарафа омўхтани он шарт ва зарур аст.
Йелдори яке аз шуѓлхои ќадими ва муњим дар рузгори мардумони Бадахшон буда, чун сарчашмаи асосии таъмини оила бо мањсулоти шири дар тобистон ва  зимистон шуморида мешавад. [2,18-22]
Халќи тољик хусусан мардуми Бадахшон дар мавсими йелдорї урфият номгузории ба худ хосеро  доранд. Дар даврањои пеш агар падар дар сафар буд ва зављаашон тифл ба дунё овард чун духтар буд Сафармо ва агар писар Сафарбек номгузори карда шуданд. Чунин номгузорињо байни оилањое, ки ба айлоќдори машѓуланд низ дида мешавад, ва ин анъана ба замонњои дур меравад.
Аз тањкикотхо бар меояд, ки йелдори дар бахши пайдо шудани номгузории одамон низ наќши муњим натанњо дар Тољикистон, балки дар Осиёи Марказї дорад. Чорводорї расму оинњои ба худ хосе дорад. Яке аз онњо, ки то кунун побарљо ин йелдорї, девлохравии мардумони кўњистон, аз љумла Бадахшон дар фаслњои бањору тобистон мебошад. Йелдорон дар муддати панљ  шаш моњ дар йел то тирамоњи сардињои  шадид молу гови худро онљо  нигоњ медоранд.
Дар ин муддати тулони занони њомила метавонанд таваллуд намоянд ва тифл навзодро ба замони йелдорї номгузори кунанд. Ба монанди Йелчи , Йелмурод, Йелбон, Чупон, Йелнисо, Йелвард, Йелназар, Йелчимо, Йилич, Девлохи, ки хар яки инхо боз тобишњои маъноии худро доранд. Агар дар айлок духтарча таваллуд шавад, вайро Йелнисо, Йелчи, Йелдор, Йелмоњ ном ниходанд ва баъзе аз чунин одамон имрўз дар љомеа шахсони машњури соњањои гуногуни илму фарњанг ва арбобони сиёсї ва хољагї мебошанд.
Яке аз занњои машњури замони Шўравї дар ноњияи Дарвоз Ќањрамони мењнати ситсиолисти Илич аст. Ин бонуи зебо дар айлоќ таввалуд шудаст ва волидайнаш ба ў номи йелчї ном гузоштанд. Дар даврони Шўрави њангоми гирифтани шиноснома он љо бонуи рус кор менамудаст,  маънии ин калимаро надониста номи ин духтарро Илич менависад ва он ба ин ном шўњратёр шудааст.
Йелвард-  аз рўйи маъни, кори айлоќдори њамааш бар души ин бону мебошад.
Йелчимо- бибикалонї, аз н.Шуѓнон чунин ном дошта тамоми умраш бо йелдори гузаштааст ва набераи худро низ чунин номгузори кардааст.
Инчунин номњои мардона њам њар як маънои ба худ хосеро доранд. Йелбон- бо забони тољики маънояш посбони йелро ифода мекунад. Ин ном ваќте ки айлоќзан кўдакашро шаб таваллуд кунад гузошта мешавад. Йелмурод- кўдаке ки баъди чанд сол ба дунё меояд ва хонавода гўё аз ба дунё омадани ин тифл ба мурод мерасид. Девлохї аслан ин номро мардуми Ванљу Дарвоз мегузорад. Маънои дар йелга таваллуд шуданро дорад. Вожаи хеле ќадим аст, мардумони Дарвоз йелгаро девлох мегўянд, ки ин вожа аз калимаи авестоӣ дайва, маънояш Худо аст. Ба њамин хотир девлохро мардуми Дарвоз  љои муќаддас мешуморанд. [9, 65]
Дар йел ба дунё омадан, дар љое, ки њељ шароит барои таваллуд кардан нест ва зиндамондан дар мафњуми имрўза тааљљубовар аст. Аммо дар даврањои пеш аз таваллуди кўдакї, дар йелга-љойи муќаддас ба дунё омаданд, умри дароз ва шахсияти дар оянда бузург шудани тифлро умедвор буданд. Бо вуљуди ин  аз деха момоњои махсусро ду ё се руз пеш даъват мекарданд. Чун ки усули дуруст ва солим таваллуди тифлро онхо хеле хуб медонистанд. Ба аќидаи баъзе одамон чунин тифлон тамоми умр зиндагиашро бо чорводории мегузаронанд. Вале дар асл чунин нест. Тањкикотхои мо нишон медихад, ки кудакони дар айлоќчойхо ба дунёомада, солим буда,  бештари онхо имрўз сохиби касбу кор, обруву эхтибор ва дар чомеа як макоми хосаро доранд. Яке аз чунин шахсон профессор Якубов Юсуфшо мебошанд, 16-декабри 1937  дар йелгаи Равноби Дарвоз ба дунё омадааст.Ошурбиби аз д.Турбат н.Шуѓнони  дар айлоќи Алайи ноњияи Мурѓоб нўњ фарзандро дар оилаи айлоќдор  таввалуд кардааст, ки њоло хамаи  онњо соњиби касбу кори гуногун, дар давлатњои хориља аз ќабили Амрикову Германия мебошанд. Биябонї Одилбеков сокини н.Роштќалъаи ВМКБ дар айлоќи Вирљинд соли 1968 ба дунё омад, муаллими мактаби миёна дар дењаи худ мебошанд. Чупон Тиллоев соли 1972 дар айлоки ќалъаи н.Роштќалъа чашм ба олами њасти кушодааст. Муборакшоев Афзалшо ва Мўъминшоњ дар йели боѓевдараи н.Шуѓнон ба дунё омаданд ва соњиби кор мебошанд. Элчибеков Ќурбонбек номзади илми таърих, соли1936 дар љамоати Вир ноњияи Шуѓнон ба дунё омадааст. Кори илмиву тадќиќоти ва ашъори пурѓановати хешро барои наслњои имрўза боќи мондааст. Соли 2015 ин оламро падруд, гуфт.Доштани насаби Элчибек мо зарур шумурда бо додараш  Элчибеков Ќудратбек, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии АИ ЉТ њамсўбат шудан ва эшон чунин афзуданд. Бобои мо дар замонњои хело ќадим дар айлоќ ба дунё омадааст ва волидайнаш ўро Элчибек ном менињанд. Аз њамин сабаб насаби мо бо номи Элчибековњо маъмул аст. Броимшоев Амдин сокини дењаи Риваки ВМКБ соли 1991 дар йелаки Шризмени дараи Биљанд ба дунё омадаст, њозира дар шањри Москва зиндаги дорад.
Дар бораи тавваллуди кўдак, калон шудани он дар доманакўњо, айлоќљойњо бисёр ривояту ќиссањо вуљуд доранд. Чунин ривояту ќисањои аз айлоќљойњо сарчашма мегиранд, чунки ба ин масъала  то њол касе рушани наандохтааст.
Ќабилањои ориёї дар садањои XI-X п.м дар сарзамини Парсуа мезистанд ва бахши калони онњо дар шањру дењањо ва бахше дар кўњњо ба чорводорї шуѓл меварзиданд. Ривояте аст, ки падари Куруш Камбудљї домоди шоњ Ахтивайгу буд. Куруши Кабир соли 550 п.м ба дунё омад.
Мувофиќи ривояти Њеродот, Ахтивайгу хоб дид,ки духтари ў Мондоно дарахти ангур таваллуд кард ва он тамоми мамлакатро фаро гирифт. Шоњ таъбири хобро аз мунаљљимон мепурсад. Мунаљљимон мегўянд, ки духтари ту писареро ба дунё меорад, ки тахти шоњиро аз ту мегирад. Ахтивайгу ба шахси бовариноки худ ѓарпаг мефармояд, ки Мондоноро аз Порс биёранд, зери назорат гиранд ва њамин ки писарро зод, ўро кушанд. Ғапраг кўдакро ба хона овард ва бо зани худ маслињат намуд, ки Ативайгу пир аст ва вориси ягонаи ў духтараш- модари њамин писар мебошад. Бинобар ин хуб мешавад, ки ин корро касе аз одамони шоњ ба иљро расонад. Ӯ ба чўпони шоњ, ки Митродод ном дошт, чанд кас фиристод. Ғапраг ба чупон гуфт: Шоњ ба ту амр кард, ки тифлро ба макони дарандагон бибареду бигузор, нобуд шавад. Митродот писаракро ба хона овард. Зани ў Спак кўдаки мурда таваллуд карда буд. Спак маслињат дод, ки писари мўрдаро бо шањписар иваз намоянд ва аз ин кор њељ кас хабар намеёбад. Њамин тавр, чўпон либосу тилловорињои писари мондоноро ба писари худ пўшонд ва ба љои гуфтаи Ғарпаг бурд. Баъди се рўз чўпон назди Ғарпаг омад ва њодисаро наќл кард. Ғарпаг одамони боваринокро ба љои таъиншуда фиристод ва кўдакро гўрониданд. [14,128-129] Яъне чўпон Курушро дар айлоќ калон менамояд ва номи Куруш низ маънои гур-ѓорро дорад.
Дар замонњои ќадим  таваллуд, фавт ва калон кардани кўдак дар йел дар ашъори нависандагони гузашта нигошта шудааст, чун ки ривоятњои дар боло зикр шуда њаќиќати  ин гуфтањоянд, ки бо чї гуна зањмату машаќат айлоќзанон ѓайр аз кори айлоќ боз кўдак таваллуд карда ба воя расонидаанд.
Њодисаи њаќиќї. Мувофиќи наќли сокини дењаи Вазнавди Рўшон Саёрамох Мирзошоева 82-сола, ки ин воќеъаро дар синфи чорум њангоми њамрои бибиаш дар Вазнавд айлоќдори кардан шунидааст. Дар дењаи Шипати н.Рушони ВМКБ дар айлоќ бону кўдакеро таваллуд мекунад, баъди чанд рўз йелчизан кўдакро аз каппа берун бароварда бо кор банд мешавад. Дар ин муддат уќоби калон кўдакро гирифта аз он тарафи соњили дарёи Панљ бурда дар боми каппаи- айлоќи дењаи дар Афѓонистон буда мемонад. Айлоќдорони њамсарњаду њамсоя чун аз њоли таваллуд шудани кўдак дар айлоќи Шипат медонистанд, дарав фањмиданд, ки ин уќоб кўдаки айлоќдорони он тарафи дарёро овардааст. Барои хавотир нашудани модари ин тифл, афѓон њамсояњо фарёд карда, хабари рабудани уќоб кўдакро ба рушониён бо овози баланддоданд.  Шом чупонон омада аз он соњили  дарё кўдакро оварда номашро чун Мирали буд ба Соњили иваз намуданд.
Бо забони худи гуянда:  ќишлоќи Шипати ќадим даwранд йи ганики йилти кўдак вуљ. Бадцўнд wахт нагљистат я ганик ху wихтак лакихт йел ѓевандат хуба пис ху кораth. Ик дай wахтанде йид  ѓула аќоб йиthдху ху нолти wи кудак кихтху найестна аз wай руйа wи. Азам мис кучайловљат дев баростен афѓонен йилти виц. Дев йеленен дарёлавард наздик виц. Баден wав дев ќивљху яthчен дам дарёи Панљард наздик wи кудакќати, мав поцпойиљен азод thољ порху сицен ху кудакен зохчху wи нома вуљ Мирали  чуљен  бидал thољен Соњили.
Тибќи иттилоои њамсўбатам Азиза Мањмадасановаи 58-сола сокини дењаи Риваки ноњияи Шуѓнон. Дар давраи ќадим њангоми хурд буданамон аз холаам шунидам,ки кўдаки навзоди  њамсоя дар фасли тобистон дар манљан- модараш ўро хобонида бо кори хона машѓул мешавад. Дар ин ваќт уќоби калон омада кўдакро дар нўгаш карда мебарад. Ин паррандаро касе надидааст. Уќоб кўдаки рабударо ба назди айлоќ бурда мемонад, аз шунидани овози кўдак айлоќдоронуќобро дида зуд  ба наздаш медаванд уќуб парида меравад айлоќзанон њайрон мешаванд, ки  волидайни ин кўдакро чи гуна метавонанд ёфтан. Кўдакро гирифта ба айлоќ мебаранд. Чун аз дења дур буданд натавонистанд  муайян кардан, ки кўдак аз кадом дења бошад. Гоњ-гоњ одамон ба йел омаданд айлоќдорон ин воќеъаро ба онњо наќл карданд. Баъди як моњ волидайни кўдак ин хабарро шунида ба айлоќ омада кўдаки худро гирифта мераванд. Кўдакро  дар  ин муддат йелчизанен махсусан бо шири буз сер намуда ба ў номи Биябони мемонанд, волидайнаш њам ин номро хуб пазируфтанд. Ба чунин ривоятњо  таърихи ќиссаи “Золи Зард ва Симурѓ”  низ монанди дорад.
Достони “Симурѓ ва Зол” ки таърихаш  чунин навишта шудаааст омадааст. Шоњи Зобулистон Соми Наримон аз бефарзандї дилаш доѓ буд, дер боз орзўи фарзанд мекард. Як ваќт зани соњибљамолаш обиста шуд. Чун ваќту соаташ расид зан писар зоид, чењраи зебо лекин мўйи сар ва абрувонаш сафед буданд. Аз ин сабаб аз таваллуд шудани кўдак як њафта шоњро хабар накард. Баъди як њафта ба шоњ хабари фарзандор шуданашро дояњо расонидан. Чун шоњ  тифл навзодро дид ба ѓазаб афтоода худ ба худ мегуфт ин барои ман шармандаги, соњиби писари пир шудан. Њамон лањза њукм дод, ки кўдакро ба љой њарчи дур бурда партоянд. Навкарон кўдакро аз баѓали модари зору нолон рабуда ба кўњи Адбурз бурда партофтанд.
Дар ин кўњ симурѓе ошёна дошт. Ў дар пайи ризќи бачањояш аз ошёна парида буд, аз баланди чашми тезбинаш ба кўдак ѓалтида, ба наздаш фурўд омад. Бачаи одаминзодро дид, ки дар офтоби сўзон хобидааст, ангушт мемакад ва фарёд мекашад. Симурѓ ўро ба љойи модар шуд ва парваришаш пардохта бачањояш хоњарон ва бародарони ў шуданд. Кўдак ба хўриши симурѓчањо одат кард, тани барањнааш, ба гармою сармо ва боду тўњфонњо хў гирифта, обутоб меёфт. [10, 48-50]
          Топонимњо маъноњои  гуногуни забонро вобаста ба њаёт дар худ таљљассум мекунанд ва барои њаллу фасли як ќатор масъалањои бањсталаб  аз љумла забоншиносии муосир зарур мемонанд. Чун дар боло ќайд кардем дар Осиёи Миёна, бахусус дар Тољикистон тањќиќу омўзиши топонимияи мањалњо то њол омўхта нашудаанд ва барои пажўњандагони номвожањои љуѓрофї мањхази  љолиб ба шумор мераванд. Дар ин љо мо бо номњои гуногунрангу мухталифмаъно дучор мешавем,ки бештари онњо бо гузашти  дур тааллуќдошта аз хотирњо зудуда шудаанд ва барои илм маводи арзишманбе ба њисоб мераванд. [6, 37-46]
 Имрўз оиди номвожањои љуѓрофии мавзеъњои  гуногуни Тољикистон як силсила асару маќолањои илмию тањќиќотї ба нашр расида бошанд њам, дар харитаи номшиносии тољик сањифањои холї  хеле зиёданд.
Номвожањои љуѓрофии марбут ба айлоќи доманакўњи ВМКБ чун дигар манотиќи Тољикистон дар тўли асрњо ќабат ба ќабат ташаккул ёфта, то њол ба як низоми муайян дароварда нашудааст. Ин аст, ки дар луѓати топонимии ин кўњандиёр  метавонем сањифаи тозаро дохил намоем, ки аз нигоњи баромад ва мансубият ба гўишњои  гуногуни тољик иртибот доранд. [13, 7-10]
Дар ин маврид дар Бадахшон топонимњои йел зиёд ба назар мерасанд, ки насли имрўза бештарашон ба маънии чунин калимањо сарфањм намераванд. Дар дењаи Риваки ч.Навободи н.Шуѓнони   як дењача онро Йеленакен ном мебаранд, он љо даврањои пеш як биби бо номи Донобегим њар сол айолќдори кардааст ва он љойро аз они худ њисоб намуд, то њол ин дењаро йеленакен  ном мебаранд.
Йелен- дар љамоати Сучони н.Шуѓнон чанд сол шудаст, ки ба як дењачаи хурд табдил ёфтааст. [8, 129]
Топонимњои Помирро бисёр олимони забоншиноси дохиливу хориљи омўхтанд. Аввалин бор топонимњои Помир дар тадќиќотњои А.З. Розенфельд ва Р.Х. Додхудоев дида мешуданд. Н.Офаридаев микротопонимяњои Ванљу Дарвозро меомўзад, А.Н. Насраддиншоев Помири шарќиро тањти тадќиќоти хеш ќарор дорад. Вале ягон олим дар мавзўъи  топонимњо ва номи одамон бо  йел-айлоќдори алоќамандро тадќиќот набурдааст.  Маќолаи пешнињодшуда ќадами аввалин аст. [3, 19-21]
Чуноне, ки ёдовар шудем, ба њељ ваљњ номвожањои љуѓрофии ягон мањал ё минтаќа бо амри тассодуф ва шартан зуњур накардаанд ва дар пайдоишу ташаккули њар як номвожа заминае ва ё сабабе ба таври айниву зењнї вуљуд дорад. Ба андешаи мо, таљрибаи номгузори ба одамон, мањалњо ва амалияи он имкон медињад,ки заминаи зуњуроти топонимњоро боз хубтару бењтар омўхтан даркор.

Адабиёт
1.Авесто.Душанбе.-2001-С.424.
2.Аламшоев.М. Шугнанская животноводческая лексика в этнолингвистическом и сравнительно - историческом освещении / М. Аламшоев.-2007.-С.18-22.
3. Булбулшоев, У. Т. Микротопонимия долины Шахдары в этнолингивсическом освещении / У. Т. Булбулшоев. – 2010. – С.19-21.
4. Буряков, Ю. Ф. Горное дело и металлургия средневековго Илака / Ю. Ф. Буряков. – М., 1974. – С.107-109.
5. Джахонов, У. Традиционное скотоводство у таджиков долины Сох в конце XIX начале XX в / У. Джахонов // История и этнография народов Средней Азии. – Душанбе, 1981.
6. Кисляков, Н. А. Древние формы скотоводство и молочное хозяйства у горных таджиковбасейна р.Хингоу / Н. А. Кисляков // Известия Тадж. ФАН СССР. – 1949. – №15.– С.37-46.
7. Литвинский Б.А., Соловёв.В.А. Средневековая культура Тохаристана.М.1985.С46-48.
8. Офаридаев, Н. Ойконимияи ВМКБ / Н. Офаридаев . – Душанбе, 2010. – С.129.
9. Рањимов, М. Р. Некоторе обычаи и обряды связанные со скотоводом у таджиков Каратегина и Дарваза- Памяти М.С.Андреева / М. Р, Рањимов. – Сталинабад, 1960.С.65.
10. Фирдавсї. Шоњнома. – Душанбе, 2016. – Љ.1. – С.48-50.
11. Форснома....
12 Њудуд-ул-олам. Душанбе, 2014.С.369.
13.Љумахон Алимї. Топонимияи минтаќаи Кўлоб / Љумахон Алимї. – Душанбе.2015.С.7-10.
14. Яќубов, Ю. Таърихи ќадими халќи тољик / Ю. Якубов. – Алмато, 2000. – С.128-129.
Аз таърихи пайдо шудани номњои одамон ва топонимњо марбут ба йелдорї
Йелдори яке аз шуѓлхои ќадим ва муњими мардумї дар рўзгори Бадахшониён буда,  сарчашмаи асосии таъмини оила бо гўшт, курут ва равган шуморида мешавад. Чї тавре, ки кишоварзон дар Наврўз бо тайёрї ва урфиятхои ба худ хос киштро сар менамоянд ва дар тирамоњ њосилро бо иди Мењргон хотима мебахшанд. Соли бобарории йелдорї, бе талафоти чорво бо љамъоварии ќурут, панир, равган, гўшт, пашм ба хона баргаштан ба тўй табдил меёфт. Зеро аз захираи оварда, зимистон мардум рўзашонро мегузарониданд. Аз тањкикотњо бар меояд, ки то имрўз ба омўзиши  йелдорї, номгузории одамон, топоним марбут ба йел натанњо дар Бадахшон, балки дар Осиёи Марказї омўхта нашудааст. Хангоми йелдории мавсимї дар баландкўњои Помир баъзе айлоќзанон омиладор буданд, баъзеи дигар дар айлоќ омиладор шуда, тифл навзодро бо йел алоќа дошта номгузорї кардаанд. Ба монанди Йелчї, Йелмурод, Йелбон, Чупон, Йелвард, Йелназар, Девлохї, ки њар яки инњо боз тобишњои маъноии худро доранд. Агар дар айлоќ духтарча таваллуд шавад, вайро Йелбибї, Елчї, Йелдо, Илич ном нињоданд. Тадќиќотњои мо  дар ин бахш нишон медихад, ки кўдакони дар айлоќчойњо ба дунё омада, њамаашон солим таваллуд шуда, имрўз  дар љомеа соњиби касбу кор ва обруву эњтибор ва як маќоми хосаро сохиб шуданд. Дар топонимияи Осиёи Марказї, аз он љумла Тољикистон номњои ифодагари марбут ба йел зиёд ба назар мерасад. Масалан дар Файзободи Тољикистон ноњияе њаст бо номи Йелак- ин вожа шакли таѓйирёфтаи њамун йели ќадима мебошад. Ё ин ки дар водии Вахш маркази он  то аср XII –и милод Хеловерд ном дошт, ки шакли дурусти он хеловар аст. Яъне ин маънои онро дорад, ки дар ин чо дар замонњои ќадим, бошишгоњи мавсими буда, дар натиљаи зисти дарозмуддат, дар ибтидои аср миёна аввал ба дења ва баъд маркази води табдил ёфтааст.

Калид вожа: Бадахшон, йел, топоним, Йелак, Йеловар, Йелич, Осиёи Марказї, Точикистан, Помир, Вахш.


                        Из истории появления имина людей, топонимы, связанные с летовкой
Пастбищное хозяйства является одной из древних и важных направлений   занятности народа, и в жизни Бадахшанцевсчитается основном источником обеспечения семьей такими продуктами как мясо, и кисломолочными продукты. Согласно исследованиям до настоящего времени малоизученным остается вопрос изучения «йелдори», имена людей и топонимы связанные с йелом  (летовкой) не только в Бадахшане, но в целом по Центральной Азии.
Во время сезонной летовки в высокогорных районах Памира, некоторые женщины были беременными, некоторые другие только забеременели и ребенку новорождённомувыдали имясвязанное сйелом. Например Йелчи, Йелмурод, Йелбон, Чупон, Йелвард, Йелназар, Девлохи каждые из них имеют свое значение. Если на пастбище родилась девочка выдали её имя Йелбиби, Елчи, Йелдо, Йилич. По нашим исследованиям видно, что выявляется дети, которые из них рождались на летовке были здоровыми.
В топонимике Центральной Азии, в том числе Таджикистана встречаются топонимы связанные с йелом (летовкой). Например, в Файзабаде Таджикистана есть место под названием Йелак-это термин визменяющийся формеесть древнее слово йелак. Или в Вахшской долине его столица до XII века нашей эры называлась Хеловард, правильная форма которого является хеловар. Это значит, что в древнее время здесь была сезонная стоянка, ив начале средних веков она превратилась сначала в деревню, а затем в столицу долины.

Ключевые слова: Бадахшан, летовка, топоним, Йелак, Йеловар, Йелич, Центральная Азия, Таджикистан, Памир, Вахш.


From the history of the emergence of the names of people, toponyms connected with pasture.

 Pasture farming is one of the most ancient and important directions of people’s amusement, and in life Badakhshantsev is considered the main source of providing the family with such products as meat and dairy products. According to research, the question of studying “Yeldori”, the names of people and toponyms associated with Yelom (Letkovka) not only in Badakhshan, but in Central Asia as a whole, remains to be little studied.

     During seasonal summerings in the highlands of the Pamirs, some women were pregnant, some others only became pregnant, and a newborn child was given a child. For example, Yelchi, Yelmurod, Yelbon, Chupon, Yelvard, Yelnazar, and Devlohi each have their own meaning. healthy.

    In the toponymy of Central Asia, including Tajikistan, there are toponyms associated with Yelom (Letka). For example, in Fayzabad of Tajikistan there is a place called Yelak, which is the term visable to the form of ancient Slovoelak. Or, in the Vakhsh valley, its capital until the XII century AD was called Helovard, whose correct form is helovar. This means that in ancient times there was a seasonal parking here, and at the beginning of the Middle Ages it turned into a village, and then the capital of the valley.

 Kaywords: Badakhshan, yel, yeloverd, yelchizan,toponim, Central Asia. Tajikistan, yelak, Pomir, Vakhsh.

Маълумот дар бораи муаллиф:Саидшоева Мадина Фаруховна- доктор PhD – соли авали факултети таърихи ДМТ.Адрес: 734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакї 17. Тел: (+992) 501264777. E-mail: msaidshoeva@gmail.com
Сведения об авторе: СаидшоеваМадинаФаруховна – докторанткаPhD – первого курса исторического факультета ТНУ. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, проспект Рудаки 17.  Тел: (+992) 501264777E-mail: msaidshoeva@gmail.com
           Information about the author:SaidshoevaMadinaFarukhovna – doctor PhD of first year of Historical faculty of TNU. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Avenue 17.  Tel: (+992) 501264777.E-mail: msaidshoeva@gmail.com

Комментарии