ХЎРОКҲОИ ЙЕЛГАҲОИ ВМКБ ДАР МИСОЛИ ВОДИИ Гунд.

М.Ф.Саидшоева
Донишгоњи миллии Тољикистон
Дар замонҳои бостонӣ  дар кўњистони Бадахшон чорводорӣ яке аз соҳаҳои фоидаовари хоҷагии халқ ба шумор мерафт, мутаассифона кишоварзї ба таври бояду шояд ривољ наёфта буд, зеро истифодаи   техникаи коркарди замин кашф нашуда буд  ва усулњои обёрї дар замини камзамину сангфарш заиф буд. Дар ин вазъ аксарияти ањолии Бадахшон шуѓли чорводориро нисбат ба кишоварзї авлотар медонистанд.  
   Аз таърихи чорводорӣ маълум аст, ки чорводорон чарогоҳои замистона ва тобистона доштанд, яъне мавсими сармо чорворо дар назди њавлии хеш дар оѓилхонањои гарм нигоњубин карда,  тобистон бошад ба доманкӯҳои сабзазору майсазор  мебурданд. Чарогоҳҳои тобистонаи ҳар деҳа муайян буд, ки дар он мавсими гармо ҳар як оила каппа- йели (айлоќ) худро дошт, ки манзили зист,  љойи пухту паз ва тановул  хурду хоб, ҷои нигоҳ доштани маҳсулоти шири ва ҳели чорвои майда бузғолаву гусола ва говҳо иборат буд. Дар муддати дар йелга буданд аз шир равған тухп-қурут барои хӯроки замистон тайёр менамуданд. Ин ҳелгарави дар замони Шӯрави аз миён рафт, зеро молу гову хоҷагиҳо ба калхоз табдил ёфтанд.
 Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зарурати ташкил намуданӣ молдории шахсӣ ва гову моли резаро ба чарогоҳои тобистона ҳай намудан зарурат пайдо шуд.
Аз ин лиҳоз қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018-ро соли рушди ҳунарҳои мардуми ва туризми ҷаҳонӣ эълон намудан,  то андозае кӯмак аст, ба равнақ додани хоҷагиҳои ҳелгадорӣ. Зеро молу гови зиёдро тамоми сол дар деҳа нигаҳ доштан ғайри имкон аст. Дигар ин ки хӯроки сабз сарчашмаи шир аст. Тобистон алафи сабз танҳо дар доманакӯҳҳои баланд боқӣ мемонад.
Бинобар ин хоҳ нохоҳ чорвои ширҷӯшро  ба чарогоҳо бурдан лозим аст. Аз ин рӯ ҳар деҳа дар гузашта ҷои интихобшуда бо ободониҳо- йелҳо дошт ва имрӯз зарурияти эхё намудани йелҳо ба миён омад ва мардумон онҳоро бозсози кардаистодаанд. Дигар ин, ки солҳои охир барои риштану бофтани либосҳои пашмӣ нарасидани пашм ба миён омада буд. Равнақи чорвои майда бузу гуспанд ба зиёд шудани пашм сабаб мешавад. Чи тавр маълум аст, канзул, дастпушак, ҷӯробҳои бадахшонӣ дар бозори ҷаҳонӣ аз ҷумла туристҳои меомада талабот зиёд доранд. [9,42-59]
Аз тарафи дигар зарурияти омӯзиши таърихи ҳелҳои ба миён омадааст. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар баъзе давлатҳои агентиҳои зиёде бо номи айлоқтур, ҷайловтур ташкил карда шудаанд, ки ин самти фаъолият низ метавонад ба ривоҷу равнақ ёфтани сатҳи никӯаҳволии мардум хизмат кунад. Дар давлати Туркистон яке аз калонтарин агентии сайёҳи бо номи Айлоқтур тайи чанд сол аст, ки фаъолият дошта диққати ҳазорон нафар сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардаст. Ин раванди фаъолият имсол бо эълон гардидани соли  2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо низ ба назар расидаистодааст. Сайёҳони хориҷи ғайр аз ҷойҳои таърихиву чашмаҳои шифобахши диёр аз айлоқҷойҳои дар доманакӯҳои Бадахшон буда дидан мекунанд ва аз урфу одати ин бахши хоҷагидори пурсон мешаванд.Бадахшон табиати кӯхсор дошта бештар мардуми он то ҳол ба чорводориву айлоқдори машғул мебошанд.  Дар ин замина ба ривоҷу равнақ ёфтани ин самти фаъолият мардум саҳми муносиби хешро гузошта диққати сайёҳони дихиливу хориҷиро сол аз сол бештар ба худ ҷалб карда истодаанд.
 Яке аз вазифаҳо ва корҳои муҳиме ки бояд дар айлоқ анҷом дода шавад ин тайёр ва ҷамъ намудани маҳсулотҳои шири барои зимистонгузаронӣ мебошад. Ҳангоми боздид аз айлоқҳои Бадахшон, хӯрок ва маҳсулоти шириеро ки он ҷо омода мекунанд ҳатто усули шифобахшиашон дар тадқиқоти баъзе олимони рус қайд шудааст.
Тибқи маълумоти олими рус М.С.Андреев мардуми Туркистон, тоҷикони маскуни дар мавзеҳои кӯҳсор дар омехта намудани  шири ҳархела ягон мамнунияте надоранд. Барои ҳамин шири буз, гусфанд ва говро  якҷо карда  дар як зарф(ғухцак) нигоҳ медоранд. Масалан, дар болои шири   дӯшидани гов, гусфанд ё бузро медушанд. Ширро якҷоя дар табақҳои калони чубин дар ҷойи махсуси  нигоҳ медоранд, ки он аз сангҳо сохта шуда, дари чӯбинашро бо қулф маҳкам мекунанд ва чунин хонаҳо танҳо дар айлоқ сохта мешаванд.Дар фасли зимистон ширро дар болои боми хона барои муҳофизат аз гурба бо сарпуши вазнин нигоҳ медоранд. [1,139-140]
Аввалин маҳсулоте ки дар ҳамаи айлоқҳо омода карда мешавад, ин қаймоқ мебошад.Барои ҳосил намудани қаймоқ дар табақҳои чубин шир то он муддате нигоҳ дошта мешавад, ки аз болояш қаймоқи ғафсе пайдо мешавад. Чун дар Хуф ҳаво салқин аст барои ин амалиёт 3-рӯз кифоя аст. Ҳангоми пайдо шудани қаймоқи ғафс онро набояд бо қошуқ гирифт, зеро шири дар табақ боқимонда вайрон мешавад. Тарзи ҷудо кардани шир аз қаймоқ чунин аст. Бо як даст аз як паҳлӯи табақ қаймоқдорро гирифта бо дасти дигар онро ба табақи дуюм холи мекунанд. Баъди ҷудо кардани шир аз қаймоқ ,ин ширро барои тайёр кардани махсулотҳои дигари шири, хусусан шири туршшуда ҷурғот  истифода мебаранд. Ин намуди қаймоқ барои касоне ки касалии меда доранд мусоидат мекунад. [1,140]
Барои ҳосил кардани шири туршшуда ҷурғот ё пай мувофиқи маълумоти М.С.Андреев, бо усули туршшонидан ҳосил карда мешавад. Ҳангоми ҳосилшавии пай онро дар чархдег карда аз он равған ҳосил мекунанд.  Пай асосан дар табақи калони махсус аз чӯб тарошидашуда ҳосил карда мешавад. Занони Хуф инро аз рӯйи эътиқоди диниашон чунин мепиндоранд. Ба ақидаи онҳо ин як қувваи асосии диние, ки ин ширри бе намакро ба пай яъне шири туршшуда табдил медиҳад. Равғани ҳосилшуда аз пай барои пухтани хурок хеле хуб аст.
Усули асосии хосил кардани пай-ҷурғот хеле осон аст. Агар дуғ набошад, метавонед аз қурут- (тухп) онро омода кардан, масалан қурутро реза-реза карда дар оби ҷӯш мемонанд то даме ки мазаи об турш шавад ва баъд ин обро гирифта дохили шири тозаи ҷӯшида мерезонанд, ки баъди як ё ним рӯз аз он ҷурғот ҳосил мешавад. Ин усул асосан дар фаслҳои сард истифода мешавад ё оғози фасли баҳорон. Шири турш барои тановул кардан хеле кам истифода мегардад. Инро асосан барои ҳосил кардани равған ҷамъ менамоянд.[1,140]
  Ҳосил кардани равған дар Хуф тибқи маълумотҳои М.С.Андреев аз миқдори муайяни пай вобастаги дорад. Шири ҷамъгаштаи ҷӯшонидаро дар як зарфи калон мерезанд, каме ширгарм менамоянд ва як қошуқ хемиз-хумев мерезанд ва баъди нисфи рӯз ё як рӯз он омода мегардад, барои чарх кашидан. 
 Баъд онро ба зарфи махсус чархдег ки барои ҳосил намудани равған   мерезанд. Чӯбе ки бо он равған ҳосил карда мешавад чархчуб ном дорад ва  дарозиаш  1метр мебошад.Ҳангоми резонидани пай дохили чархдег ба миқдори муайян об низ илова карда мешавад. Агар пай хунук бошад ба он оби нимгарм илова менамоянд ва агар пай гарм бошад дохилаш оби хунук илова карда мешавад. Баъди ин дохили чархдег чархчӯб мегузоранд ки бо забони шуғнони онро нимthорг мегӯянд. Он белакҳои нимворг дар якҷояги бо он аз танаи дарахт тарошида мешавад.Асбоби дигараш чахтак мебошад, ки он пайвастгари бо нимthорг мебошад. Чархчӯбро бо таасма-дувол, ки аз чарми гов тайёр карда шудааст баста ду зан аз тарафи росту чап нишаста бо навбат мечархонанд то вақте маска тайёр шавад. Барои ҳосил кардани равғани зард бошад, занон дар оташдонҳо алов карда маскаро об  мекунанд. Дар ин ҷо як чизи дигареро низ бояд қайд кард, ки агар ҳангоми ҳосил кардани равған ягон аъзои оила набошад ё бо ягон кори дигар банд бошад ҳамагон ӯро ҳатман интизор мешаванд. Ба ақидаи хуфиён муттањиди оила баракати  равған мебошад. Ин кор шаб чараён мегирифт то чашми бегона нарасад.  [1,141-142]
Чуноне  ки дар боло зикр намудем мақсади асосии ба айлоқрафтан ин тайёр ва захира кардани маҳсулоти шири мебошад.Касоне ки дар айлоқ мемонанд ба ғайр аз истеъмоли маҳсулоти шири намудҳои гуногуни таом тайёр ва истеъмол мекунанд. Дар айлоқҳои имрӯза  маҳсулотҳои гунонгунро йелчизанен (айлоқзанон) аз шир омода карда барои равнақ додани зиндагии хеш онро ба бозорҳо ба фурӯш мебиёранд. Бисёр мардуми Бадахшон хусусан айлоқдорон зиндагии онҳо аз ҳисоби мехнати ҳалоли онҳо гузашта истодааст ва аз ин кори хеш фойдаи калон ба даст мебиёранд, зеро ин маҳсулот аз ҷиҳати экологи тоза буда дар бозор харидорони зиёдеро дорад. Ғайр аз ин таомҳои махсус омодагаштаи айлоқ маззаашон аз таомҳои деҳа ба кулли фарқ дорад  ва иммруз бо инкишофи техникаву техналогияи хозиразамон асбобҳои махсусбарои истеҳсол кардани равған корро осон кардааст.[13,99]
Акнун баъзе маълумот дар бораи хӯрокҳои дар ҳелҳо тайёрнамудан бадахшониён,ки нисфи онҳо то ҳол дар дасти халқ маҳфуз буд:
1.Тухпакбат ё померибат- дуғбат оиди ин таоми  тухпакбат   Саидмои 83 сола сокини деҳаи Турбати н.Шуғнон чунин гуфт: ин таом асосан баъди аз маска тайёр намудани равған ва аз дег гирифтани он гарди орд андохта маззааш ба монанди кочи  мешавад. Даврони пеш айлоқдорон тухпакбатро ҳатто ба деҳа барои мардуми хеш низ фиристондан. Имруз ин таом тамоман аз байн рафааст, ва ҳатто дар айлоқҳо ҳам имрӯз тайёр карда намешавад, зеро  на ҳамаи мардум доир ба ин  таом маълумот доранд.
Ҳамсӯњбатамон бошад бо забони шуғнони инро чунин шарҳ дод.тухпакбат о помери бата маш ловам йид ида аз маска обенху сӯд зирд руған, давта ди зирд руған аз деканд дараw бихчид сенат я тухпакбата хубаф дар сирид сӯд. Зирд руғанта фук бихчарамат я бата ар дек намоён сӯд. давта маш бад wам мис бихчарам,дисгамис сутиди ар қишлоқенам мардумард дам бохт. 
2. марӯб -қаймоқ -аввалин махсулоте ки бо роҳи хеле осон аз шир омода мегардад ин марӯб мебошад. Марӯбро асосан дар Бадахшон ба таври сода омода месозанд ки чунин аст. Ширро душида онро дар зарфҳои калоне ки даҳаанашон васеъ то нисфи рӯз нигоҳ медоранд. Баъди нисфирӯзи онро дохили испиратор мегардонанд, ки он асбоб аз ду найча дорад. Ҳангоми тоб додани испиратор аз як найчаи он ширва аз найчаи дигараш марӯб мебарояд, ва ин корро бо навбат йелчазанон ба сомон мерасонанд. Зеро ҳангоми тоб додани он қуввату нерӯи зиёде сарф мегардад.Баъди ҳосил намудани маруб онро бо сатили калон бардошта дар таги чашма як рӯз нигоҳ медоранд. То каме сахт шавад ва аз он  масска ҳосил намудан осон гардад.
3. Маска, ду усули омода кардани маска дар ҳелга мавҷуд аст: яке усули кӯҳна ва дигараш усули нав.Чун дар боло қайд кардем баъди ҳосил гардидани маруб аз он боз маскаи маҳалли ҳосил менамоем. Тарз ва усули ҳосил намудани маска чунин аст. Марубро дар як зарфи сиркдори фарох айлоқзанон бо дастони хеш тоб дода то оне, ки ин маҳсулот сахт бигардад ва шири  дар дохилаш буда аз он барояд. Баъди сахт гаштани маҳсулот онро чун кулулачаҳо бо ҳам пайваста  ба сатили бо оби хунук буда мегузоранд то он боз сахттар гашта боқимонда  шири дар  дохилашбударо ихроҷ намояд. Маззаи ин маҳсулот хуштамъ лекин каме турш маза буда, муддати нигоҳдории он на зиёда аз як моҳро ташкил медиҳад, ин ҳам бошад, дар ҳавои сард аст мегӯяд Навчагул йелдори 25 сол собиқаи айлоқдори дошта аз шаҳри Хоруғ. Аз шири  боқимонда  баъди гирифтани маска айлоқзанон нон мепазанд, ки хеле бомазза аст. Дар фасли тобистон айлоқдорон маҳсулотро тез –тез ба бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш мебиёранд. Ва бештари вақт аз он зирдруған-равғанизард тайёр мекунанд.[11,116]
4. Тухп- ќурут. Барои тайёр кардани тухп, дуғро баъди мааска, боз чанд рӯзи дигар дар зарфи махсус барои турштар шудан нигох медорем. Ҳангоми туршшавии ин маҳсулот онро дар деги калон, ки аловаш на бояд он қадар тез бошад мегузоранд. Дуғ оҳиста –оҳиста ҷушида ҳангоми сахт шудан онро дар зарфи махсуси бо даҳони васеъ дошта гирифта, дар болои санги фарох айлоқзанон бо дастони хеш, дар шакли кулулачаҳо онхоро дар зери шуои офтоб мегузоранд.Ин маҳсулот то сахт шуданаш бояд дар сангҳо монад. Ҳангоме,ки сахт шуд онро дар зарфҳои махсус ҷамъоварӣ менамоянд то фасли зимистон низ аз он истифода баранд. Маззаи ин махсулот турш буда онро асосан мардуми Бадахшон барои фишорбаланди зиёд харидори менамоянд. Боз тафовути миёни қурути бадахшонӣ аз дигар минтақаҳо дар он аст, ки мардуми ин ҷо ба он намак ҳамро намекунанд ва равғанашро низ аз он ҷудо намекунанд ва барои ҳамин маззаи он ҳам дигар аст.  Дар ин ҷо бояд қайд намуд ки ду тарзи омода намудани қурут дар айлоқҳои Бадахшон вуҷуд дорад. 
6.Дуғ-дуғоб. Дуғ беҳтарин нӯшоба дар рӯзҳои гарми тобистон мебошад. Он ташнагиро бартараф карда, ҷисми инсонро салқин нигоҳ медорад. Ҳангоми аз ҷурғот бо зарфи махсус (испиратор) гирифтани (маска) дуғ ҳосил мегардад. Маззаи дуғ ба қадри кофи турш буда барои бемории шуш ва илтиҳоби меда шифои комил дорад бовари дорад айлоқдор Хинзобегими 60 сола. Дуғро муддати зиёд нигоҳ доштан мумкин нест, зеро он зуд вайрон мешавад ва барои ҳамин аз вай маҳсулотҳои дигари аз қабили, алёк ё панири тоза, тухп - қурут ва чакка ё панири сахт тайёр мекунанд.
7.Чакка.Чакаро асосан аз дуғ омода мекунанд ва тарзи тайёр намудани он дар айлоқ чунин аст. Аввал матои махсуси барои чакка бударо дар об тар мекунанд. Баъдан дохили он (буҷин) се ё чор сатил дуғ рехта даҳони онро бо танобча маҳкам карда дар як санги калони офтобрӯй мемонанд. Баъди гузоштан дар санг аз мато об берун омада чакка боқӣ мемонад, ин ҳолат як рӯз давом мекунад ва чакка омода мегардад. Сохти ин махсулот мулоим буда маззааш турш мебошад. Ин маҳсулотро асосан мардуми Бадахшон дар фасли тобистон аз айлоқдорон  харидорӣ, намуда бо таомҳои ҳархела тановул мекунанд.   
8.Бат ё ҳалвои равғанин дар баъзе ҷойҳо ҳалвои ширӣ ном бурда мешавад. Хуроке аст, ки аваллин руз дар айлок пухта мешавад. Асосан мардуми Бадахшонзамин дар ҳелговар рузи аввал батро халвои  омода мекунанд.Омода намудани ин хӯрок ба акидаи мардум  касабаи Хазрати Хотуни Киёмат мебошад. Хазрати Хотуни Киёмат касабаии асосиаш молдори будаст. Ин зани неруманд дар рузи аввали ҳелок халвои шириро барои мардуми йелчиенро оварда тайёр мекардааст,то мардум гушна не сер ба хонахояшон бар гарданд. Аз он вакт сар карда мардуми Бадахшон инро чун як суннати марбутии йелча кабул карданд. То хол рузи аввали дар айлок зиндаги кардан занони ин чо барои мардумоне ки бо онхо барои ҷо ба ҷогузории молу махсулоташон хамро омаданд ин намуди хурокро омода мекунанд. Хуроки номбурда асосан аз орд,равгани зиёд,шир ва шакар иборат мебошад.Тарзи тайёр кардани халвои равгани ё шири  хело осон аст.Хурокро дар он чое ки хайвони калони шохдор (тар хен дарун)  ҷой дорад пухта мешавад.Сабаб пухтани бат дар чунин ҷой   ба боварии мардуми Бадахшон гуё фаровонии ризқ дар айлок мешавад.Дар илми этнография бошад олимон инро ба як урфиятӣ ҳелдорӣ медонанд. Мардум ба воситаи ин намуди хӯрок хайвони калони ширдор ба худ наздик менамоянд. Маҳз дар ин ҷо хӯрок хӯрдан муҳим будаст.Агар инро аз нав кунанд баракат аз даст меравад. Баъдҳо ин русум тағйир ёфта хӯрокро берун аз  (хев)дар як чойи алоҳида мепазанд. Ақидаи дигаре низ вучуд дорад ки сабаби хурдани занҳо дар дохили (хев –шад-качар) чунин шарх дода мешавад.Аввалш ин ки зан наслофар аст ва таквиятдиҳандаи ҳаёт ба ҳисоб меравад барои ҳамин дохили качари  хайвони ширдор ин таомро омода карда мехуранд ва ин хеле муҳим аст. Гуё ба ин урфият насли ин говҳо зиёд шуда, барои мардум фаровонии шир ва гушт меоварад.
Гарвапехт пи йел-  пухтани нон дар йелга. Аз тадқиқотҳои зиёде бар меояд, ки мардуми Бадахшон ҷойи ба айлоқрафтанро пешаки хуб аз назар гузарониданд. Ҷойе ки интихоб мешавад бояд дар наздикии кӯҳ (ҷирай) бошад. То мардҳои айлоқ аз он танур барои пухтани нон омода созанд. Лекин ин ҳама имкониятҳо танҳо солҳои пеш буд, ва имруз дар ягон йелгаҳо тандур дида намешавад, вале имрӯз занони айлоқ дар табақи махсуси аз чуйан бо номи дег омодагашта, нон мепазанд. Ин хели муҳим аст, пас ин ҷо саволе ба миён меояд, чи гуна онҳо нонро мепазанд? Йелчизан хамир карда каме дам гирифта онро дохили дег андохта дар ҷойи офтобрӯй мегузорад. Баъд аз расидани хамир онро дар дег дар ҳалови паст мепазад ва ҳақиқатан  нони бомаза аст. Чун ки дар хамири йел маска илова мекунанд ва он пур аз ширу равған ва аз ин сабаб нон ҳақиқатан бомаза аст. 
Агар мо  диққат мекунем, ҳамаи маҳсулотҳои ширии истеҳсоли айлоқ бо ҳамдигар алоқамандӣ доранд. Ман соли 2017 ба айлоқ рафта мушоида намудам, ки тамоми маҳсулот ва хуроки он ҷо буда нисбати деҳот комилан маззаи дигар дорад. Намедонам бо чӣ сабаб лекин ҳангоми тановули таом иштиҳо дар айлоқ зиёд мешавад шахс мехоҳад, ки ҳама чизро хурад. Пас хурокҳое ки дар айлоқ ҳамарӯза тайёр мешаванд бештари аз шир бо тарзу усулҳои гуногун пухта мешаванд.
Ширбиринҷ маҳсулотро вобаст ба миқдори аҳоли айлоқзанон интихоб мекунанд. Биринҷро шуста ба об меандозем ва то қисман мулоим шуданаш онро меҷӯшонанд ва тез – тез омехта мекунанд. Баъд аз буғ шудани об ба биринҷ ширро илова карда, дар муддати 15-20 дақиқа меҷӯшонанд ва беист онро омехта мекунанд. Пеш аз болои оташ гирифтани ширбиринҷ ба он мувофиқи таъм шакар ё намак илова мекунанд. Вақти истеъмол кардан аз болои он равғани зард ё маска меандозанд ки, хело бомазза аст.   
Хувдашав-яке аз хӯрокҳое аст, ки ман онро танҳо дар йелгадидам,ки ин тавр омода карда мешавад. Ширро дар деги аловаш паст мерезанд ва то ҷӯш омадани он айлоқзан нонро дар табақ реза карда ба шири ҷӯшомада илова менамояд. Баъди нон тамоми ширро ба худ кашидан аз болои он каме намак андохта аз дег онро дар табақи чӯби мебардоранд, ва мехӯранд, ки хеле бомазза мебошад.
Қамочтарӣ-асосан аз нон бо иловаи равғани зард,  шир ва намак пухта мешавад. Бояд нонро дар табақ майда-майда реза карда ба болояш ширу равғани гарм рехта бо даст онро омехта карда мехуранд.
Ширруған-ин таомро асосан ҳангоми дарди гулӯ ё зуком тановул мекунанд, чунки ин хусусияти шифобахши барои чунин дардҳо дар айлоқ аз қадимулаём истифода мешавад. Асосан ширро ҷӯшонида дохили он равғани зард аралаш карда шахси бемор бояд онро тез –тез тановул кунад то арақи он берун баромада зуд шифо ёбад.
Ширчой-Дар айлоқ асосан ширчойро хеле бомаза омода мекунанд, зеро фаровонии ширу равғану марубу маска дар он ҷо вуҷуд дорад.Ин субҳонаро бо чунин тарз омода мекунанд. Ба оби ҷӯш чойи сиёҳ ва намакро андохта дар муддати 5-6 дақиқа меҷӯшонанд ва баъд шир бо маруби ғафс дохили чой андохта боз 5-6 дақиқаи дигар ҷӯшонида ба косаҳо мекашанд. Мувофиқи табъ баъзеҳо маска ва базеҳо равғани зард ба чойи хеш илова мекунанд.
Руғанхарво- (атолаи равғанин)-маҳсулотҳои зарурӣ:орди гандум, равғани зард,об , намак ва ками дигар шакар аст. Бо ин усул ин таомро омода мекарданд.Равғанро гарм карда, ба он ордро илова карда пайваста онро омехта мекунан, то ки орд насӯзад.Баъди сурх шудани орд дохили он оҳиста ­–оҳиста оби хунук рехта лат мезанад, то ба ҳамдигар начаспад.Агар шуду атола ғафз гардад дохили он шири ҷӯшидагиро илова мекунанд. Ба гуфти айлоқзан ин таом барои дарди гурдаҳо шифои комил мебахшад.
Тухп-хухпа –маҳсулотҳои зарури, қурут, орд, об ва намак.Тарзи тайёркунии ин таом чунинаст: қурутро дар оби гарм тар мекунанд, то ки мулоим шавад. Дар деги алоҳида, ки дар он 4-5 литр об ҷӯшида истодааст, қурути мулоимшударо илова мекунанд. Ордро бо оби ширгарм дар зарфи алоҳида омехта карда ба дег меандозанд, ва тез –тез кавча зада то ба дег начаспад.Атолаи қурутиро 5-10 дақиқа ҷӯшонида пеш аз болои оташ гирифтан каме намак илова мекунанд.
Шурбо-бо маҳсулотҳои гуногун аз қабили, макарон, биринҷ, картошка, нахуд, лубиё ва ғайра, чун хуроки шом дар даврони соҳибистиқлолияти кишвар дар йелҳо омода карда мешавад.
Ҳамаи ин таомҳо солҳои пеш дар хонаҳои мардуми Бадахшон тановул карда мешуданд. Бо мурури замон ва беҳтар шудани шароити зиндаги мардум дигар ба ин таомҳо аҳамият намедиҳанд ва имруз оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодаанд. Танҳо дар айлоқҳои мавсими мардум ин таомҳоро мепазанд. Барои ҳамин олимону нависандагони миллати мо зиракии сиёсии хешро аз даст надода сари вақт онҳоро рӯйи китоб оварданд. Сайёҳони хориҷии Амрикои, ҳангоми боздид аз Ха йели ҷамоати Навободи деҳаи Ривак ки бо худи ман воҳ хурда, қайд намуданд, ки мо чунин хӯрокҳои ширии бомазаро дар ягон гушаи дунё нахӯрдаем. Маҳсулоти ин ҷо лаззати хуб дошта онҳо бо худ гирифтанд.  Мо ҳангоми ба сафар баромадан орзу доштем, ки ҳатман аз айлоқҷойҳои Бадахшон дидан  менамоем. Хӯрокҳои дар айлоқҳо  пухтаро хӯрдем.Дидем,ки бисёр бомазза ва солим мебошанд.  
 Соли 2018 –соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ сафари  ҳазорон сайёҳро ба диёрри таърихиву зебоамон дучанд афзуд, ки ин ба фойдаи ҳар яки мо равона гардидааст. Ҳамаи он меросиҳои таърихие ки қариб аз байн рафтаанд, дар ин сол боз аз нав эҳё гашта барои садсолааҳои дигар боқи мемонад.
                                                     
АДАБИЁТ:
1. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. -Сталинобод,1956.
2. Бабринский А.А. Горцы верховыв Пянджа (ваханцы и ишкашимцы). Очерки быта по путевым заметком. М.,1908  
3.Ванновкий.С.П. Извлечение из отчёта Венновского о рекогносцировке в Рушане и Дарвазе 1883г.//Сборник материалов по Азии.Вып 56 спб.,1894.-С. 73-120.
4.Давлатбеков Н.Доисламские верование на семения западного Памира (по материалом русских исследователей) Душанбе Ориёно 1995.
5. Зарубин И.И. Материалы и заметки по этнографии горных таджиков. Долина Бартанга//Сборник музея антропологии и этнографии при Российской Академии наук Т.V. 1 пг 1918.-С.97-148.
6. Зуробек З. Ойинҳои навбаромад «Бадахшон» пр. 2-10123,9-01-2007.-С.3
7.Муҳиддинов.И. Особенности традиционного земледельческого хозяйство припомирских народнастей в XIX- начало XX века. Душанбе,1984.
8. Ҷамшедов П. Шугнанские летовка: традиции и термены//масъалаҳои филологии Помир. С.147-153.
9.Пшерёва.Е.М. Молочное Хозяйство горных таджиков в некоторые связанные с ним обычаи. -Ташкент,1927.-С.42-59
10. Поляков С.П. Историческая этнография Средней Азии и Казахстана. - М., 1980.-С.43-51.
11.Фредрик ва Чамила .Бо дастони Худ.-Душанбе, 2016.-С.138-149.
12. Хозяиственно-культурные традиции народов Средней Азии и Казакистана.-М.,1989.
13. Шибаева Ю.А. Животноводство у киргизов Восточного Памира.- Душанбе,1973.-С.99.
     
                Хўрокҳои йелгаҳои ВМКБ дар мисоли водии Гунд
Имрӯз сайёҳони хориҷї ба урфу одати йелдорӣ ва ғизоҳои дар он ҷо тайёрнамуда таваҷчӯҳи зиёд зоҳир менамоянд, ва маслиҳату намунаҳо мегиранд. Аз ин рӯ дар мақола муаллиф мухтасар дар бораи тарзи тайёр намудани маҳсулоти ширї дар йелга ва аз онҳо пухтани ғизоҳо маълумот додааст.
Калид вожа: ВМКБ, йел, Бадахшон, њунарњои мардумї, сайёњї, хўрокњои мардумї, Хуф, урфу одат.
Ритуальные пищы на литовке долина Гунд в ГБАО
Сегодня много внимание и интерес иностранных туристов осуществляет обычай йелга (горное пастбище) включают в себя образцы приготовление молочных продуктов и их вклад. По этому, в статье кротко о продукции молока и приготовление из них разных образ блюд в йелга.
Ключевые слова: ГБАО, йел, Бадахшан, народные ремёсла, туризм, народные пищы, Хуф, обычий.


Маълумот дар бораи муаллиф: Саидшоева Мадина Фаруховна- доктор PhD – соли аввали факултети таърихи ДМТ. E-mail: msaidshoeva@gmail.com
Сведения об авторе: Саидшоева Мадина Фаруховна- докторантка  PhD – первого курса исторического факультета ТНУ. E-mail: msaidshoeva@gmail.com
Information about the author: Saidshoeva Madina Farukhovna – doctor PhD of first year of Historical faculty of TNU. E-mail: msaidshoeva@gmail.com

Комментарии