Мо кучо равонем.

                    
     Чун банда хамеша бо каллам сару кор дорад, мехост ба ин савол камехам бошад рушани андозад. Ин савол дар худ чамбахои гуногуни хаёти мардуми моро фарогир аст, хакикате ки онро медонем, вале намехохем гуфт, дахшате ки мебинем нодида мемонем. Дар ин чахони мутагайир худписандиву бадхохи, мансабталошиву манфиатчуиро пешаи хеш карор медихем. Бо ин хама шуру валвала пас мо кучо равонем?
  Мо аввал хаёт дорем , Ватан дорем , асл дорем, авлод дорем , ояндае дорем , ки бахри он бояд мушохидакор бошем. Вале мо чи. Имруз точирони мо мехоханд пули зиёд кор кунанд, маблаги зиёд ба даст оранд, сарвату моли дунёро гирди худ чамъ оранд. Лекин асло фикр намекунанд, он махсулоти пастсифатеро, ки ман мефурушам ба ки зарар мерасонад, боз чанд касро мубталои беморихои гуногун мекунад. Охир ин дахшат аст.
            Устод дарс намегузаронад. Барои шогирдонаш бахои калбаки мегузорад, хай майлаш имруз ба ту гузашт мекунам гуфта меравад. Талаба ба ин унс гирифта дигар ба хонданаш ахамият намедихад.
         Пизишк хангоми аз ташхис гузаронидани бемор бо хар бахона пул талаб мекунад, бемор мачбур мешавад, барои шифо ёфтанаш пулро пардохт намояд. Илочи дигар нест. Агар хуб назар кунем ин хама дар умум як чиноят аст, ки мардум аз ин хама бозихои ин замон гулугир гаштаанд.
   Бар зами ин хама имруз чавонони мо ба харгуна харакатхои терористиву экстремисти шомил мешаванд. Рахму шавкат надоранд, чихеле ки дар урфият мегуянд «Рахм нест ,зеро ки фахм нест» Хакикатан хам чунин аст, агар чавононе ки дониши баланд дораанд,  зиракии сиёси дар  вучуди хеш тачассум намоянд , асло ба куштору горатгари, бадхохиву бадтинати ,тичорати маводи мухадир ва зуровари дар хонавода даст намезананд. Афсус ки ин рафторхо иммруз дар бештари чавонон дида мешавад. Бо ин хама вахшиёнат пас Мо кучо равонем?

     Ачдодони мо, бузургони миллат  бахри хушбахтии мо кушиш ба харч дода ватанамонро мухофизат намуда ободу зебо карданд. Номи Эшон имруз ба неки ёд карда мешавад. Мо бояд хам кушиш карда , хамаи он бузургиву сунати неки ниёгонамонро ба наслхои оянда мерос гузорем , зеро мо давлат, миллат, халк ва сулх дорем , ки ин хамаро бояд пос нигох дошта ибрати чахониён гардем.

Комментарии