Саратон боз як усули тичорат ё бемори

Саратон боз як усули тиҷорат ё беморӣ.
Сол аз сол зиёд шудани касалиҳои анкологи чи дар сатхи чахон ва чи дар худуди Точикистон ва бахусус дар Бадахшон ва харчи бештар ба кайд гирифтани ходисахои нави ин беморию фавти одамон аз ин касалии хавфнок аз афзоиши бемайлони ин паталогия шаходат медихад.
Мувофики маълумоти Ташкилоти умумичахонии Нигахдории тандурусти хамасола дар рӯйи замин кариб 9 млн одами ба касалии саратон гирифторшуда ба қайд гирифта шуда , зиёда аз 5млн одам мемирад.Пешгуи карда мешавад ки то соли 2020 шумораи беморони касалии саратон то 30 млн нафар мерасад.мушкилоти анкологи мохияти ичтимои дошта тамоми чахонро ба ташвиш овардааст.
Чамила Худоёрова, директори маркази саратоншиносии ВМКБ бобати ин чуни афзуд, ки сабабхои зиёд шавии ин бемориро баъзехо бо он алокаманд месозанд , ки сифати ташхис солхои охир бехтар гардида , беморони ин касали дар ин замина бештар мешаванд.Яъне дастрас шудани тачхизотхои муосири тибби (томографияи компютери , МРТ, маммография) , ки хатто мархилаи пешини бемориро муайян мекунад ба ин кор боис шудааст.

Яъне омили зиёди ба кайд гирифтани беморон дар дастраси ба тачхизоти муосири тибби мебошад. Ва бо дастгирии Хукумати чумхури ва созмонхои байналмилалии тандурусти беморон бо тамоми намудхои кимиёви сари вакт таъмин мешаванд ва хар гуна тачхизоти муосир, ки нисбати ташхису муоличаи беморон муфид аст, имруз ба чумхури ворид шуда истодаанд.
Ба андешаи мутахасисон , заъфи хизматрасонии тиббӣ ба вижа дар маҳалҳои дурдаст , яке аз сабабҳое гардидааст, ки ашхоси гирифтори ин бемори дер аз саратонашон хабар меёбанд.Ба ҷуз аз маркази вилоят дар ягон ноҳия мутахасиси саратоншинос фаъолият намекунад ва пизишкони сохахои дигар бошад , дар муайян кардани бемории саратон бетаҷрибаги зоҳир мекунанд. Зеро ашхоси ба ин бемори гирифторшуда ,дар марҳилаи аввали анҷомёбии он ягон аломатро ҳис намекунанд ва аз чашми пизишкон дар маҳалҳо нишонаҳои зуҳури беморӣ дур аст.
Аз ин рӯ . микдори беморони бо гурӯҳи чороми клиникавӣ бори нахуст ба 74 нафар расид, ки он 52%-ро ташкил медиҳад.Ин хело ташвишовар аст. Омилҳои асосии пайдоиши касаллии саратон, ин вазъи вазнини иқтисодӣ дар заминаи асабоният, тарзи ҳаёт ва хӯрокворӣ ,одатҳои бад, папироскашӣ, майхӯрӣ, инчунин аз муҳити зист вобастаги дорад.
Қобили зикр аст , бо дастгирии Ҳукумати ВМКБ,Хадамоти тандурустии Оғохон дар ВМКБ таҷҳизоти муосири тиббӣ , ба монанди тамографияи компютери ва маммография дастраси сокинони вилоят гардида, теъдоди зиёди беморон аз сарфиёти зиёд ва саргардониҳо раҳо шуданд.Соли гузашта 553 нафар беморон аз ташхиси компютерӣ ва 173 нафар беморон аз ташхисимаммографи гузашта , ки дар байни онҳо 19 нафар бо саратони шуш , 18 нафар бо саратони ғадуди ширӣ ошкор шуда , беморон саривақт табобати махсус қабул намуданд.Инчунин ташхисгоҳи минтақавии Оғохон , бо дастгоҳи ташхиси ултрасадои Допплер таъмин шуда трепан-биопсияи омосҳои бадсифатро ҷорӣ намуд, ки ин ба беҳтар шудани ташхиси саратони ғадуди ширӣ ва бофтаҳои мулоим мусоидат мекунад.
Бо мақсади бехтар намудани сифати хизматрасонии тибби ва баланд бардоштани дараҷаи касбии табибони ҷамоатҳои дурдаст ва наздисархади ба маркази миллии тибби Қара-боло ,институти тиббии Фаронса дар Кобул , университети  Оғохон дар Қарочи тибби фосилави барқарор шуда , оиди ташхиси диференсиали 7- машварат гузаронида шуд.

саратон бемори нест ин нарасидани витамини B17
Маркази саратоншиносии вилоят туфайли кӯшишу ғайрат ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ таи солҳои охир ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.Барои мисол метавон 28- чарроҳии бомуваффақиятро дар марказ ,10 ҷарроҳии радекалии ғадуди ширӣ,11 ҷарроҳии гарданаки бачадон,3- ғадуди сипаршакл, ва 5- ҷарроҳии медаву рударо номид.Солҳои пеш ҳамаи беморон бо мақсади аз саратон шифо ёфтан ба маркази ҷумҳури ва хориҷа мерафтанд.Марказ ният дорад , ки имсол намудхои дигари чарроҳиҳоро ба рох монда , беморонро аз саргардониҳои зиёд раҳои намоянд. 
  
Боз бобати ин намуди бемори факту далелхои дигаре вучуд доранд , ки метавон шахси мубталои он ба пурраги аз онхо истифода бурдан ва шифои комил хам . Ин китоби ачиби " Мир без Рака " олими намоён  Эдвард Гриффин буда ё тарики сомонаи электрони  http:net \files\word-without-cancerru.pdf метавонед онро дастрас намудан.

Комментарии