Барои куруту чурготи Бадахшон коргохи хос даркор аст!

Тахлилгарон ба ин назаранд, ки аз хисоби фуруши муваффаконаи махсулоти табииаш Бадахшон метавонад манбаи нави даромади буча ва чойхои нави кориро пайдо кунад

Бадахшон на танхо бо табиати зебо ва куххои осмонбусаш, хамчунин бо махсулоти хосу табиии худ метавонад барои мехмонони вилоят хотирмон бошад.

Чесик  зимни сухбат бо мо гуфт, ки хангоми боздидаш аз Бадахшони кухи шохиди равгани маска, каймок, чургот, курут ва шире гардидааст, ки хеле хуштаъм мебошанд:

- Албатта дар минтакахои дигар хам чунин махсулотро борхо чашидаем. Вале мазаи ширу каймок ва чурготу курути Бадахшон комилан дигар аст. Ин шояд хос ба табиат ва хайвоноти нодири ин минтака бошад, - гуфт у.

Тавсифи махсулоти табиии Бадахшон аз чониби мехмонони хоричи низ тасхиркунанда аст Чесик бо оилаи хеш, ки чанде пеш аз Америко ба вилоят сайёхат омада буд, куруту чурготи мо уро сахт мафтун намуд. Ва у тасмим гирифт, ки шахсан ба айлок рафтаву бубинад, ки ин махсулот чи гуна омода мегардад. Бардошташро дар сухбат бо мо чунин иброз намуд:

- Моро пеш аз хама махсулоти табии ба сайёхат водор мекунад. Бегуфтугу табиати Бадахшон нотакрор аст. Дар навбати ин махсулоти табиие, ки зимни сайёхат истеъмол мекунем, фикр мекунам то чанд вакти дигар умри моро дароз мекунад. Вагарна махсулоти синтетикии ба истиллох «зебо» дар кишвари худамон хеле зиёд аст - бо ханда мегуяд у.

Сокини шахри Хоруг Давлатсилтон Ноёбшоева мегуяд, ки анкариб 17 сол боз дар бозори марказии Хоруг махз ба фуруши махсулоти шириву табии Бадахшон машгул аст. Ба гуфтаи у хатто як гурухи точироне хастанд, ки ин махсулотро ба Урумчии давлати Чин интикол медиханд, чун харидори зиёде дар он чо доранд:

- Бештари махсулотро барои мо аз айлокхои Хуф, Бачу ва Чаавшангоз меоранд. Новобаста аз ин, пас аз ворид карданамон ба бозор мо махсулотро аз назари коршиносони лабаратория мегузаронеем ва асноди заркриро аз байтори бозор мегирем. Танхо пас аз ин махсулотро ба фуруш мегузорем.


Нархи асосии махсулот  дар бозор.

Саври  Машрабова, айлокдори водии Гунди нохияи Шугнон яке аз онхоест, ки махсулоти ширии худро ба таври яклухт ба фуруш мегузорад. Ба гуфтаи у онхо дар як руз метавонанд то 180  литр ширро ба махсулоти гуногуни табии, аз чумла куруту чургот ва каймок табдил дода, барои савдогарони чаканафуруш пешниход намоянд.

- Аз ин хисоб даромади хуб ба даст меорему зиндагиамонро пеш мебарем ва такрибан мушкилоти чидди надорем, - мегуяд Саври.

Дар хамин хол коршиносон ба ин назаранд, ки сокинони Бадахшон аз хисоби махсулоти худ даромади бештар пайдо кунанд, агар менечменти касбии тичоратиро аз худ кунанд.
Тахлилгари масоили иктисоди Гулос Рахматшоев мегуяд, хатто имкон дорад корхонаи махсуси вобаста ба истехсоли ин намуди махсулоти табииро ташкил намуд:

- Дуруст аст, ки дар вилоят коргохи «Шири кухистон» фаъол аст. Аммо он ба истехсоли махсулоти дигари шири вобаста аст. Масалан истехсоли курут ва чурготи моро холо ягон коргох ба таври махсус рохандози накардааст. Вагарна, имкон дошт, ки хам махсулотро ба таври бозоргиру намуди зебо ва ба микдори бештар тахия намуд ва хам чои кори нав барои занону духтарон ташкил кард, - мегуяд у.


Комментарии