Махсулоти худи бойгарии саломати.

Хушбахтии мардуми Бадахшон ин аст,ки тамоми обу хок ,сангу растаниаш давобахши хамаи дардхост.Чун таърихи кухову чашмахову, чойхои мукаддаси мардум  ба таври пураву васе ба сайёхон муарифи шудааст. Оиди хуроки махаллии бадахшони то хол на он кадар маълумоте доранду , хеле ва хеле кам истифода бурдаанд.Сайёхон хуроки махаллиамон агар аз 100-20%ашро чашидаанд хатман хусусияти шифобахшиашро мепурсанд.Бо  ин максад ман сухбат доштам бо Ширингул Азорабекова ходими илмии шуъбаи таърих мардумшиноси ва бостоншиносии инистути илмхои гуманитарии ВМКБ.
1.Хусусияти давобахшии хурокхои махалли дар чист?
Чун дар мо бадахшониён хама чиз аз нон огоз меёбад ,ман низ аз ин шуруъ мекунам.Нон бехтарин неъмати Худовандис .Нон хуроки  асосии точикони Помир ба хисоб меравад.Пеш аз Инкилоби Октябр мардуми Помир ордро худашон тайёр карда истифода мебурданд.Мардуми Помир(махин гарва) танхо нони бокилоро истифода мебурданд.Ин нон кувати чисмонии инсонро зиёд мекард.То дар вакти кори зиёд хастагиро эхсос накунанд.Баъди ин хамаи хурокхо ,хуришхо ва чойхои тайёршудаи мардуми помираз гиёххо хусусияти табобаткунандагиро доранд.

2. Таъсироти хуроки имруза ба мардуми Помир чи гуна ба назар мерасад.
Чахонишави- ба мардум таъсири на танхо мусбат  балки манфиро низ мерасонад.Зеро ба Чумхурии Точикистон аз давлатхои гарб маъсулоти гуногуни хурока  ворид мешавад.Ба сифатнокии он кам дикат дода мешавад.Зери таъсири гизохои нав мардум ба касалихои гуногун дучор мешаванд.Беморихо фалачшави,касалии канд,баландшавии фишори хун, сактаи дил ,дарди сар ва захми медаву руда.Ин махсулотхо хатто ба  каду басти одамон таъсир мерасонанд.Чунин накл буд,ки солхои пеш одамони Помир коматбаланд ва тануманд буданд.Имруз агар диккат дихем чунин шахсон кам ба назар мерасанд.Чунки  махсулоти дар генни онхо чойгирбударо истехмол наменамоянд.Ахамият намедиханд.
 Хаким Абуали Ибн Сино  хангоми табобати беморон ба чунин хулосае омада буд,гиёххое ки аз як минтака ба минтакаи дигар бурда  беморонро табобат мекард,хусусияти шифобахшиашон кам ба назар мерасид ё муддати дароз тул мекашид.Баъзан хатто гиёххо таъсири манфихам мерасонданд,яъне ки ба мизочи одам баробар намеомаданд.Пири Хакимони Машрикзамин ба хулоса омада хар як шахси беморро ба мухити мутобикшавандааш табобат мекард.
Хакикатан хам чунин аст ,гизо ба одам таъсири гуногун мерасонад,зеро мичози хар як шахс гуногун аст.Шояд сабаб ин ки аз давлатхои дигаре ки меоранд ба одамони ин мухит баробар намеояд ва баъдан он аз махсулоти сунъи истеъмол карда мешавад.
Хангоми экспедисия дар кишвари хамсояи Афгонистон соли 2016 бо шахрвандони ин кишвар сухбатхо оиди гизо гузаронидем.То хол мардум бештар гизохои махаллиро  истифода мекунанд, ва ба касалихои дар диёри мо пайдошуда камтар мубтало мегарданд.
      Чун диёри азизамон Точикистон дар инкишофу тараки аст умед дорем ин камбудихо охиста -охиста бартараф мешаванд.Сарвари давлат пешвои миллат Эмомали Рахмон бехуда асри 21 ро асри Бадахшон эълон накардаанд.Пас бахри саломат будан ва хифзи саломатии хеш хамагон бояд бештар аз махсулоти худди истифода намоянд.Акаланд аз 100-50% агар махсулоти худи истифода шавад бовари дорам мардум ба харгуна касалихо тамоман гирифтор намешаванд.

Комментарии