Боч "Сидкан ба номи Худо"

Боч хакикатан дар даврахои пеш барои мардуми Бадахшон аз хама хуроки мухим буд,ки онро дар лахзахои асоситарини зиндагии хеш истифода бурданд."Садака ба номи Худо" чунин аст маънии лафзии ин таъом,ки дар вакти шукргузори ва ба чой овардани бори миннати Худо аз чониби касе ,масалан дар "Иди Курбон,баъд аз начот дар садамаи наклиёти ё бунёди хонаи нав омода мегардад.Чун дар пухтани боч банда хузур дошт ,онро сокини н Шугнони ВМКБ Саидшоев Фарух омода кард ва чунин ибрози акида намуданд.
Бочро солхои пеш барои маросими чаноза ва дафн низ омода менамуданд. ва дар ин хол онро "алимов"ном мебурданд холо бошад ин аз байн рафтааст зеро барои тайёр кардани он мехнати зиёд бояд намуд.Эшон оиди таърихи пайдоиши ""Боч" дар нохияи Шугнон чунин ривоят кард.

Подшое бо номи Амир Чахондоршох хохаре дошт ланг.У аз марди рухонии бузургворе хочат хост ,то барои хохараш дуо кунад ки сихат шавад.
Баъди дуои Пир хохари подшо сихат мешавад.Сипас шох дархост намуд ки барои таваллуди кудак низ дуо кунад.Пир ин амри шохро низ ба чо овард. Чун духтар омиладор шуд ,баъди чанде тифл ба дунё овард.Чун тифл ба дунё омад модараш дар рузи хафтум аз дунё даргузашт.Дар маросими чарогравшан шох амр намуд ки "Боч "омода намоянд.Ин бори аввал буд чунин намуди хурок.Аз он давра сар карда ин хурок ахамиятидини ва маросими касб кард.


 Таркиби хурок. Як сатил донахои куфтаи гандум,гушти як гусфанд,равган намак ва об.Ин микдор дар пухтани боч барои теъдоди зиёди мардум мебошад,ки як амри маъмул аст.Тамоми кисматхои гушти гусфанд метавон истифода кард,аммо сару пойхо бехтарин чузхи таркиби хисоб меёбанд.

                                     
Тарзи тайёркуни.Донахои гандумро дар осиёб дурушт куфтан лозим аст.Орди нармтари онро метавон аз Элак гузаронидан.Донахои куфта бояд муддати 2-3 соат дар об тар шаванд.Гушти хайвонро реза карда дар оби хунук мешуянд.
 Дар дег равган андохта ,баъд гуштро меандозанд ,чун гушт мулоим мешавад дохили дег оби хунук меандозанд.Об охиста-охиста чушида дохилаш гандуми куфта меандозанд.Пасон мувофики табъи худ намак меандозанд.Хади акал2 соат руйи оташ монад ва то замоне ки хеле нарм гашта тамъи гуштро ба худ кашад.
Вакте ки хурок омода гашт бо буйи лазизи худ иштиои хамагонро мекушояд,зеро он танхо аз махсулоти чойдори пухта меавад.Хотирасон  менамоям  ки,ин хурок бояд танхо аз гушти гусфанд омода гардад.Дар бадахшон чунин сокин вучуд надорад,
ки дар иди курбон "боч" ро омода насозад.Ин хуроки идонаи иди бузурги "Чашни курбо" дар Бадахшон аст.

Комментарии

Отправить комментарий