Кулчаканди Бадахшони "Бурсок."

     Бурсок махсусан барои туй ва чашнворахо дар Бадахшон тайёр мешавад.Таркиби зиёди равган дар бурсок имкон медихад то як хафта тоза бимонад.Бурсок лаззати махсусеро дорад,ки барои дустон ё аъзои хонавода хангоми сафар ба чойхои дур омода мегардад.Чун бо холаи Нозигул сокини шахри Хоруг бурсокро якчоя омода сохтем ,ин модари азиз чунин кайд карданд, дар вактхои пеш завча барои шавхараш хангоми сафар хатман бурсок аз шакар ё аз намак тайёр мекард.
       Бурсок дар таркибаш чунин махсулотхо дорад. 7 коса орди гандум .
шакар ё намак(хотирасон бояд кард ки агар касе бурсоки намакин хохад бо намак омода месозад агар не метавонад шакар дохил кунад). 1 кошукча хамиртуруши саноати .каме зира агар хохед. 
Вакте ки ба тайёркуни шуруъ кардем холаи Мавчигул онро чунин омода сохт.
Аввал хамиртуруши саноатиро дар  шир махлул мекард ,баъд орд,шакар ва зирародохили шир андохт.Хамаи маъсулотро аралаш карда хамири мулоим ва часпон омода шуд.Хамир дар як чойи гарм як соат мемонад(чун хамир бо шир тайёр мешавад,хамиртуруши саноати ба хадди камтар муассир аст).Он бурсокро аз нон гавстар месозад.

Баъди як соат аз хамир курачахои хурд-хурд омода месозанд. Курачахои хурд тахминан 5 дакика дам мегиранд ,баъд онхоро дар Элаки дурушти помири омода месозанд, то ар руйи онхо накшхои мурабба падид оянд.
Дар алови на он кадар тез равганро гарм карда, курачахо бояд ба хади имкон дог шаванд.Об ва шакарро ба хам омехта карда руйи бурсок мепошанд,то ки чиллодору хушнамо бишавад.

Имруз дар бозори марказии шахри Хоруг "Бурсок" ба фуруш бароварда шудааст ,зеро талабот ба ин намуди кулчаканд зиёд аст.

Комментарии