Шурбои бо резахои хамири нахуд фоида барои руда.




АМОЧ яке аз хурокхои мавсими бахори буда ,ба кадре монанди ош аст ,вале омода к4арданаш осонтар аст.Чун бо ош  илова кардани чака шири турш ё тухп(панири хушк)таъми тозаи онро меафзояд ,ки дар хавои гарм хушоянд аст.Амоч дар киёс ба ОШ камтар сер мекунад.Вакте омода мешавад ,ки кор дар сахро онкадар вазнин набошад.
   Ин хурок таърихи кадимае дорад ва хато ривояте низ дорад ки чунин аст.Зане ният кардааст ,то Ош бипазад ,аммо хамирро хеле часпанда кардааст,Пас онро аз дастони худ пок кард ва хамир реза-реза аз дастонаш чудо шуд.Бо эхсоси кохили у нияти ош карданро аз сар бадар кард ва ин резахоро дар шурбо андохт ва аз он замон сар карда ин навъи таом ба номи амоч маъруф гардид.

Масолех барои тайер кардани амоч чунин аст.1 коса орди нахуд,об,1дона пиёзи реза,бастаи хурди кабуди,мурч ва каламфури хушк(чургот ё курут).
Ордро ба табаки чукури чубин аз элак мегузаронем Руйи орд об пошида хамир мекунем ,то замоне кихамир ба резахои хурд таксим шавад.Ин хамир бояд шакли донахои хурде ба андозаи нахуд бигирад .Дар мукоиса бо ош аз об камтар истифода мекунем.
     Дар омода сохтани шурбо чунин усули кориро бояд истифода барем.
Такрибан 6-коса обро руи шулахои пурхарорати оташ гарм мекунем ,ва сипас пиёз мурчу каламфур ва намак илова менамоем.Чун об ба чуш омад ,харорати оташро паст карда резахои хамирро ба махлул илова мекунем.Ба муддати 7-10 дакика шурбо бояд чушад ва баъд кабудиро метавон илова кардан.Мурч каламфур ва равган дар косаи алоида омода карда вакти пурра омодашавии Амоч онро охирон илова мекунем.

Хуроки мазкурро хозир хам дар махалхои Бадахшони калонсолон пурра истифода мебаранд.Ба акидаи холаи Бибиноз Амочшурбо хуроки кувватбахшанда буда .,Давобахшии бемории руда аст.Ин хуроки болаззатро  касоне ки дорандаи беморихои руда хастанд метавонанд истеъмол кардан.Давобахшии ин дар он аст ,ки рударо мулоим нигох медорад. 

Комментарии