Ношхухпа-Зардолушурбо давои хамаи дардхо.



(видео вакти пухтани ношхухпа бо холаи Ширингул сабт шуд.)

Зардолушурбо асосан бо :орд, 2 пиёла об ,шакар ва зардолу омода мегардад.( махсулоти зарури ба микдори одам вобаста аст.Чи кадаре ки одам зиёд бошад махсулот хамон кадари дигар зиёдтар истифода мешавад) Хар  як хурокро огоз мекунем ба номи Худованди Бахшанда ва мехрубон. Боя хар як хурок бо нияти нек пухта шавад ,чун ки онро одамон мезуранд.Дар вакти хурдан Хурок барояшон халол гардад.

Чун бо холаи Ширингул Мералишоева 50-сола сокини дехаи Пашори нихияи Шугнон дар вакти омодасозии ин шурбо сухбат кардем ,он кас чунин гуфт.Ин намуди хурок дар саросари Помир маъруф аст.Инро аз мавсими тирамох то  охири мавсими бахор мепазем.Ачибтараш он аст ,ки ин шурбои сергизо иштиоовар мебошад.Дар мо аз кадим то хозир чун таъоми аввал тановул мешавад. 

Ин бону кайд кард ки ношхухпа ба таквияти системаи масъунияти бада аз сармозадаги  ва сулфа  мусоидат менамояд.Хуроки мазкур баъди 15 дакика омода гардтда онро боял дар вакти гарм буданаш хурем. Зардолуи дохили шурбо барои касоне ки гирифтори арди дил хастанд фойда дорад.Дар мо калонсолон ин намуди хурокро бехад дуст едоранд ва мехоханд тез-тез тановул кардан.Ношхухпа хуроки суннатии мо аст.Хамаи мардуми Бадахшон бояд тарзи пухтанашро хуб донанд.Ман махсусан чавононро таъкид мекунам зеро ,онхо иникоскунандаи  фархангу миллати ояндаи моанд. 


Комментарии